Хабарҳои охирин
Серхонанда
Қурби асъор
Обу ҳаво
Пурсиш
Другие новости
Консепсияи миллии таҳсилоти инклюзивӣ
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бо дастгирии барномаҳои маърифатӣ ва барномаи «Тандурустии ҷамъиятӣ», Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи кушода» ва Бунёди мададгори Тоҷикистон 28 сентябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба муҳокимаи «Консепсияи миллӣ» - и таҳсилоти инклюзивӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд мизи мудаввар баргузор гардид.
Мақсади мизи мудаввар иборат аз муайян намудани вазифаҳои асосии мақомоти иҷроия ҷиҳати татбиқи Консепсияи миллии таҳсилоти инклюзивӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки он бо ибтикори Вазорати маорифи ҶТ тарҳрезӣ шудааст.
Дар ҷараёни мизи мудаввар чунин масъалаҳо, аз қабили ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии байни вазорату идораҳо ҷиҳати татбиқи марому вазифаҳои консепсия, воқиф намудани ҷомеа аз раванди татбиқи консепсия, муайян намудани масъулияту ваколатҳои сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ буд.
Аз рӯи натиҷаи мизи мудаввар қарори дахлдор қабул шуд.


