ФАВРӢ: Бозбинӣ ва қатъи маъюбии 8525 маъюб дар минтақаи КӯлобМулоқоти С.Аслов бо дипломати чехӣКумак ба ашхоси ниёзмандТелефонҳои боварии «Барқи Тоҷик»Афзоиши музди миёнаи меҳнат

Мардуми Тоҷикистон 3 рӯз истироҳат мекунанд

Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бинобар дар Тоҷикистон таҷлил шудани Соли нави мелодӣ аҳолии кишвар 3 рӯз, яъне аз 31 декабр то 3 январ истироҳат мекунад.

Чун 31 декабр ба рӯзи шанбе рост омада ва рӯзи муқаррарии истироҳат маҳсуб мешавад, таносубан 1 январ ба рӯзи якшанбе рост омада ва ин рӯз мувофиқи қонун «Дар бораи рӯзҳои ид дар Тоҷикистон» ба рӯзи душанбеи 2 январ гузаронида мешавад. 3 январ рӯзи корӣ аст.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шӯъбаи ҳуқуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзиев хабар дод.