ФАВРӢ: Суханронии Э. Раҳмон дар Форуми дувуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси ОромИштирок ва суханронии Э. Раҳмон дар Форуми дувуми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором57 млн. доллари БИР барои татбиқи лоиҳаҳои ТоҷикистонБоздид аз маркази омӯзишии шоҳи Таиланд доир ба рушдАбдураҳим Алиев: “Ман дигар узви гуруҳи ташаббускор нестам!”

Сохтмони нақби «Чормағзак» идома дорад

Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Сохтмони нақби «Чормағзак» воқеъ дар роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат – Данғара идома дорад. Бинокорон то имрӯз ба масофаи 2 ҳазору 300 метр пеш рафтаанд. Аз Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқи Вазорати нақлиёти ҶТ дар ин бора ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мувофиқи суханони манбаъ, барои зудтар анҷом ёфтани сохтмони нақб дар баробари пармакорӣ ҳамзамон бетонрезии нақб идома дорад. Алҳол масофаи беш аз 2 ҳазор метр нақб бетонрезӣ шудааст.

Хотирнишон месозем, ки татбиқи ин лоиҳа моҳи марти соли 2010 оғоз ёфта буд. Масофаи умумии нақб 4 ҳазору 430 метрро ташкил медиҳад. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Чормағзак», масофаи роҳи мошингарди Душанбе - Ваҳдат - Кӯлоб нисбат ба масофаи роҳи мошингарди Душанбе - Қӯрғонтеппа - Кӯлоб баробари 100 километр кӯтоҳ мегардад.