ФАВРӢ: Шиносоии Қ.Расулзода бо корҳои сохтмонӣ дар роҳи оҳани Душанбе-ҚўрғонтеппаБа Тоҷикистон Эбола тавассути банан таҳдид мекунад?Натиҷагирӣ аз татбиқи барномаҳои комплекси агросаноатӣОшкоршавии ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳБунёди терминали боркашонӣ ҳамлу нақли борҳоро меафзояд

Оқибати фуромадани тарма

Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). – 2 апрел дар 80 километрии роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд – Чаноқ ҳодисаи фоҷиаовар рух дод. Мувофиқи хабари маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, бар асари фуромадани тарма дар ин роҳ 4 мошини боркаш зери барф монда, 3 нафар ҳалок шуда ва 2 нафари дигар бистарӣ гардиданд.

Назар ба хабари манбаъ, дар 289 километрии роҳи мошингарди Душанбе – Ҷиргатол низ тарма фуромадааст, ки дарозии он 100 метр ва баландиаш 5 метрро ташкил медиҳад.

Алҳол дар як қисми роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ, ки шимоли ҷумҳуриро бо пойтахт пайваст мекунад ва дар 248 километрии роҳи мошингарди Ҷиргатол – Лахш ҳаракати мошинҳо қатъ гардидааст.

Ғайр аз ин дар натиҷаи босуръат об шудани барфи кӯҳсор сатҳи оби дарёи Сурхоб баланд гардида, 32 хонаи истиқоматии деҳаи Қиблаии ноҳияи Темурмалик зери об мондааст.


Гурӯҳи наҷотдиҳандагон сари вақт ба маҳалли ин воқеа ҳозир шуда, маҷрои дарёро пок намуда ва сокинонро ба ҷойҳои бехатар кӯчонидааст.