ФАВРӢ: Мулоқоти Шариф Раҳимзода бо ҳайати эронӣЧаро низомиёни рус ба куштор даст заданд?БДА: Роҳ маҳдуд мешавад344 адад дастгоҳи қолинбофӣ барои мактабҳоСуғд: нигаронӣ аз ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ

Телман Сумбула шуд, Маяков Ёсуман

Душанбе, 15 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Як шаҳрак ва 15 деҳаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ табдили ном кард. Вобаста ба ин Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси миллӣ қарори марбутаро нисбат ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи мазкур қабул намуд. Роҳандозии ин тадбир дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон сурат гирифта, ҳадафаш поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ, абадӣ гардонидани номи фарзандони барўманди диёр аст. 

Тибқи ин қарор шаҳраки Кўйбишев ба шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ ва номи деҳаҳои Комсомол ба Чорбоғ, Қурултой ба номи Боқӣ Раҳимзода, Чкалов ба Истиқлол, Агроном ба номи Нусратулло Махсум, Фрунзе ба номи Исмоили Сомонӣ, Ударник ба Ганҷина, Политотдел ба Маданият, Заря Востока ба Шаҳристон, Крилов ба Сайроб, Ферма ба Кўҳдоман, Телман ба Сумбула, Маяков ба Ёсуман, Энгелс ба Зарнисор, Коммунист ба Ваҳдат ва деҳаи Октябр ба номи Бадриддин Ҳилолӣ табдил шуданд. Бояд зикр кард, ки деҳаҳои мазкур дар деҳоти Иттифоқ ва 50-солагии Тоҷикистон қарор доранд.