ФАВРӢ: Чанд хабар аз хориҷи кишварКӯмаки ихтиёриёни Лондон ба кӯдаконТаҳкими ҳамкории ширкатҳои Туркия бо ТоҷикистонБунёди кӯпруки нав дар СурхобМулоқот дар музофоти Қазвини Эрон

Мусофирон ғарқ шуданд

Душанбе, 28 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Бар асари садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Айнӣ 3 нафар дар Искандаркӯл ғарқ шуданд.

Мувофиқи хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати ҶТ дар ҷамоати Фондарё ронандаи автомобили тамғаи «Нива», сокини 34 - солаи ҷамоати Анзоби ноҳияи Айнӣ аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, автомобили ӯ ба Искандаркӯл фурӯ рафт. Бар асари ин ҳодиса ронанда ва ду нафар мусофирони ӯ дар об ғарқ шуданд.

Мувофиқи хабари манбаъ, наҷотдиҳандагони Маркази наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шоми ҳамон рӯз ҷасади ғарқшудагонро аз об бароварда, ба мақомоти дахлдор супурданд.