ФАВРӢ: Мулоқоти О.Оқилов бо роҳбарияти ширкатҳои ҷаҳонии истихроҷи нафтНобудсозии малах дар ШаҳритузИмзои созишнома миёни Тоҷикистон ва 3 ширкати бонуфуз дар соҳаи нафтНахустин ҷаласаи Шӯрои нозирони Фонди дастгирии соҳибкорӣС. Ибодӣ: «Хонаводаҳои ниёзмандро тавонманд хоҳем кард»

Нахустин ҷаласаи Кумитаи техникӣ оид ба сарфаҷӯии энергия

Душанбе, 28 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). - Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ифтитоҳии Кумитаи техникӣ оид ба сарфаҷӯии энергия, самаранокии энергетикӣ ва энергоменеҷмент, ки бо супориши Ҳукумати мамлакат дар назди Агентии давлатии “Тоҷикстандарт» таъсис шудааст, баргузор гардид. 

Дар кори ҷаласа мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намуда, масъалаҳои ташкилӣ ва баррасии Низомномаи кумитаи мазкурро мавриди муҳокима қарор доданд.

Тибқи Низомнома вазифаи асосии ин кумитаи навтаъсис аз густариши стандартикунонии давлатии соҳаи энергетика дар доираи вобасташудаи фаъолияти он, таъмини саривақтӣ ва босифати илмию техникии таҳияи стандартҳои давлатӣ, ки ҷавобгӯи истеҳсол, интиқол ва истифодаи энергия мебошад,иборат аст.