ФАВРӢ: Пешгирии қочоқи маводи мухаддир дар сарҳади давлатӣНамоишгоҳи аксҳои низомии Хусрав АминовҚадрдонии мутахассисон дар Рӯзи ҷаҳонии метрологияЁдбуди Лоиқ Шералӣ—муҷассамаи шукуҳманди назми тоҷикЧанд хабар аз хориҷи кишвар

Тағйирот ба реҷаи фаъолияти субъектҳои хизматрасон

Душанбе, 3 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба реҷаи фаъолияти субъектҳои хизматрасонии шаҳр тағйирот ҷорӣ мегардад. Дар робита ба ин шаҳрдори Душанбе дар ҷараёни баргузории ҷаласаи васеи корӣ ба фаъолони шаҳр пешниҳод кард, ки нисбати ин масъала, яъне таҷдиди назар намудан ба реҷаи фаъолияти субъектҳои хизматрасонии фарҳангию фароғатии шаҳр, қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таклиф ироа созанд.

Интизор меравад, ки тибқи ин пешниҳод реҷаи фаъолияти субъектҳои хизматрасонии фарҳангию фароғатии пойтахт дар мавсими тирамоҳу зимистон то соати 23-00, дар фаслҳои баҳору тобистон то соати 24-00 ва ба субъектҳои мутазаккира, ки берун аз маҳалли аҳолинишин, мактабу бемористонҳо воқеанд, то соати 01-00 ҷараён мегирад.