ФАВРӢ: Боз як фаввораи мусиқиафзо дар пойтахтКонсерти ҳисоботии хонандагон дар ВаҳдатТаассурот пас аз мулоқот бо Эмомалӣ РаҳмонМуаррифии «Химияи биологӣ» дар Академияи таҳсилотМ.Маҳмадаминов бекории глобалиро дар Остона баррасӣ мекунад

Наҷоти 3 нафар аз ғарқшавӣ

Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Дирӯз, 5 июл дар дарёи Сир, дар наздикии маҷмааи савдои «Хуҷанд» ҳангоми оббозӣ 3 нафар шаҳрвандон ба ҳолати ғарқшавӣ дучор шуданд, ки дар натиҷа 2-нафари онҳоро наҷотдиҳандагони шаҳри Хуҷанд наҷот доданд ва 1 нафарашон ғарқ шуда, ба ҳалокат расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимов хабар дод, ҷасади ҳалокшуда аз тарафи наҷотдиҳандагон аз об бароварда, ба мақомоти дахлдор супорида шуд.

Ба иттилои манбаъ , худи ҳамон рӯз сокини шаҳри Хоруғ Шоин Қосимов соли таваллудаш 2007, ҳангоми оббозӣ дар кӯли Чорбоғ ғарқ шуда, аз тарафи наҷотдиҳандагони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят наҷот дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки шумораи умумии ғарқшудагон дар нимсолаи аввали соли равон 40 нафарро ташкил медиҳад.