ФАВРӢ: Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии мудирони БИР иштирок хоҳад кардМулоқоти Э. Раҳмон бо Раиси Бонки давлатии рушди ЧинМулоқотҳои Э. Раҳмон бо роҳбарони як қатор ширкатҳои ЧинСуханронии Э. Раҳмон дар Форуми дувуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси ОромИштирок ва суханронии Э. Раҳмон дар Форуми дувуми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором

Дастаҳои ғолиб муайян шуданд

Душанбе, 27 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, “Хайр”-и Ваҳдат, “Шодмон”-и Ҳисор ва ССКА “Помир”-и Душанбе аз гурӯҳи марказ ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Федератсияи футбол роҳхат гирифтанд. Дар минтақаи Хатлон ҳам мусобиқаҳо ба поён расиданд. Аз гурӯҳи “А” дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва аз гурӯҳи “Б” дастаи “Равшан”-и Кӯлоб соҳиби ҷойҳои аввал гардида, ҳуқуқи иштирокро дар вохӯриҳои финалӣ ба даст оварданд.
Дар минтақаи Суғд бозиҳо идома дошта, баъди ҷамъбасти се даври мусобиқот дар гурӯҳи “А” дастаҳои “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан ва “Спитамен”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва дар гурӯҳи “Б” дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд пешсафанд. Бозиҳо дар ин минтақа рӯзи 2-юми март ба охир мерасанд.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футбол бо ширкати ҳашт дастаи беҳтарин дар ду гурӯҳ рӯзи 5-уми март дар шаҳри Душанбе оғоз хоҳад шуд.