ФАВРӢ: Мулоқоти кормандони АНММ бо муттасадиёни Роҳи оҳанШиркати Н. Саидов дар ҷаласаи ҳамкории сартосарии шарикӣШарҳи Прокуратураи генералӣМуҳимтарин ахбори ҷаҳонБоздиди Оқил Оқилов аз иншооти муҳими Суғд

Олимпичиёни тоҷик ба ватан баргаштанд

Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ).-Шаби гузашта чемпиондухтари тоҷик Мавзуна Чориеваро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе зиёда аз 1000 нафар мухлису ҳаводор ва хабарнигор истиқбол карданд. Мухлисон бо нидоҳои шодиомез ва бо шиорҳову овезаҳое, ки дар онҳо расми Мавзуна Чориева ва Расул Боқиев тасвир шуда буданд, дар саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меистоданд. Аммо танҳо Мавзуна аз дари фурудгоҳ берун шуду дигар ширкаткунандагон ба чашм нарасиданд. Дар ҳоле ки гуфта мешуд, олимпиадачиён ба ватан бармегарданд.  

Ҳарчанд аз сабаби зиёдии мухлисону дар иҳотаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ будани Мавзуна Чориева сӯҳбат бо ӯ мушкил буд, ӯ дар як сӯҳбати кӯтоҳ гуфт: медале, ки ба даст овардааст, танҳо мансуби ӯ нест, балки мутааллиқ ба ҳашт миллион шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки ба ӯ мухлисӣ мекарданд.