ТЕРМИНАЛҲО БОЗ ТАҒЙИР ДОДА ШУДАНД

Август 6, 2009 09:49

                  Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳукумати шаҳри Душанбе бо мақсди ҳаракати мутадил дар роҳҳои автомобилгарди пойтахт ва таъмини бехатари аҳолӣ бо нақлиёти мусофиркашонии шаҳрию байнишаҳрӣ тартиби навро ҷорӣ намуд. Нисбати тадбири андешидашуда мардум андешаҳои гуногун доранд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» бо мақсади назарсанҷӣ дар 4 терминали атрофии шаҳр назари мардумро фаҳмидан хост.                   Карим Исоев сокини шаҳри Ваҳдат:                  -Дар давоми солҳои 1991- 2009 «терминал» — и шаҳри Ваҳдатро 6 маротиба иваз намуданд ва ҳар кӣ тавонист дар ин давраҳои бесарусомонӣ дар кӯчаҳои Душанбе «терминал» ташкил карду пул кор кард, мо нашунидем, ки нафаре аз ин соҳибтерминалҳо ба ҷазо кашида шуда бошанд. Худо кунад, ки инаш терминали охирин бошад.Гулсум Пиррова сокини ноҳияи Ҳисор:                   — Ба гумон аст, ки шаҳрдорӣ дар бораи беҳбудии кори тоҷиру корчалон ва соҳибкорони хурду миёна ва худи сокинони шаҳр фикр карда бошад. Мо ҳамеша кӯшиш мекунем, ки шаҳриёнро бо маҳсулоти хушсифату арзон таъмин кунем, аммо вақте борро ду- се маротиба аз як мошин ба мошини дигар бурор -фурор мекунед аз он чӣ сифат мемонад? Дигар, ин ки борро то ба шаҳр расонида наметавонию онро маҷбуран ба дасти ҳанотон месупорӣ, дигар онҳо медонанду дави аспашон.                    Собир Қунғуротов мусофир:                    — Мо сари калобаамонро гум кардаем, бигузор ҳарчӣ, ки мекунанд, кардан гиранд. Мо медодонем, ки аз гуфти мо бадтар мешаваду беҳтар не!                      Ба ҳар навъ терминалҳоро зери назорати идораҳои дахлдор қарор додаанд. Боз кӣ медонад, ки соҳибтерминалҳо чӣ бозиҳои пасипардагиро барои худ дуруст мекунанд, вагар на чӣ тавр ронандагон чашми нозирро хато карда, боз вориди шаҳр мегардад?  

Август 6, 2009 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид