Дар яке аз бинои истиқоматии Шветсия таркиш ба амал омад

Июль 29, 2016 14:48

Душанбе, 29.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар як бинои истиқоматии шаҳри Малмои Шветсия таркиш ба амал омад, маълумот дар бораи қурбониён ҳанӯз мавҷуд нест, иттилоъ медиҳад шабакаи телевизионии RT бо истинод аз ВАО маҳаллӣ.
Ба гуфтаи полис, ин ҳодиса рӯзи панҷшанбе, соати 22:00 бо вақти маҳаллӣ рух дод. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои таркишро таҳқиқ мекунанд. Минтақаи атрофи бино иҳота шудааст, ҳукумат  аз сокинони маҳаллӣ даъват намудааст, ки аз хонаҳояшон берун набароянд.
Намояндагони Хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ба ҷойи ҳодиса расиданд, вале кӯчонидани сокинон дар назар нест.

Июль 29, 2016 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш