Артиши Афғонистон дар музофоти Бадахшон ноҳияеро аз толибон озод кард

Ноябрь 30, 2016 15:06

Душанбе, 30.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Тагоби музофоти Бадахшони Афғонистон пас аз поксозӣ аз толибон зери назорати ҳукумат гирифта шуд. Дар ин бора сомонаи иттилоотии «Афганистан.ру» бо истинод ба шабакаи телевизиони «Тулӯъ» хабар медиҳад.
«9 моҳ қабл ҷангиёни гурӯҳи ифротии «Толибон» ин ноҳияро ишғол карда буданд», — гуфта мешавад дар иттилоия.
Амалиёти поксозӣ аз ҷониби неруҳои артиши миллии Афғонистон ва Раёсати амнияти миллӣ ба роҳ монда шуда буд. Дар натиҷаи амалиёт ҷангиёнро зарур омад минтақаҳои ишғолкардаро тарк намуда, ба ҳудуди ноҳияи Ямғон ақибнишинӣ кунанд.
Ҳанӯз дар бораи талафот аз ҳарду ҷониб ва миёни аҳолӣ ба ВАО иттилоъ нарасидааст.

Ноябрь 30, 2016 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Неруҳои амниятии Афғонистон чанде аз рустоҳои вулусволии Нусайи вилояти Бадахшонро аз «Толибон» бозпас гирифтанд
Шаш корманди полис ва низомиёни амнияти миллӣ дар вилояти Ҳироти Афғонистон кушта шуданд
Раиси Шӯрои уламои вилояти Тахори Афғонистон дар натиҷаи таркиш кушта шуд
Неруҳои Амрико мавзеъҳои «Толибон»-ро дар Қандаҳори Афғонистон бомбаборон карданд
Ашхоси мусаллаҳи ношинос собиқ роҳбари вулусволии Чархи Лӯгарро дар Кобул террор карданд
Автомашинаи устодони Донишгоҳи Бағлони Афғонистон ҳадафи ҳамлаи ҷангҷӯён қарор гирифт
Таркиши навбатӣ дар Кобул боиси маҷрӯҳ шудани 15 нафар гардид
СУТ аз ҳолати даст кашидани чанд мамлакати Иттиҳоди Аврупо аз ваксинаи AstraZeneca ба ташвиш омадааст
ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ: 76 сол пеш Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА пойтахти Японияро бомбаборон карданд
Иҷрокунандаи вазифаи сардори полиси яке аз ноҳияҳои вилояти Ғазнии Афғонистон кушта шуд
Гузоришгари махсуси СММ: Дар Эрон ҳазорон духтарони аз 10 то 14-соларо ба шавҳар медиҳанд
Пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар Швейтсария манъ карда шуд

Маводҳои таҳлилӣ