Дар Гавана ҷамъомади мотам ба хотираи Фидел Кастро баргузор гардид

Ноябрь 30, 2016 14:53

Душанбе, 30.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Гавана дар майдони Инқилоб дар назди ёдгории Хосе Марти шоми рӯзи сешанбе ба вақти маҳаллӣ ҷамъомади мотам дар робита ба марги Фидел Кастро, роҳбари қаблии Куба баргузор гардид. Дар ҷамъомад бародари хурдӣ ва вориси марҳум Раул Кастро низ иштирок дошт. Дар ин бора хабарнигори «Интерфакс» хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷамъомади мазкур беш аз 50 ҳайати хориҷӣ иштирок доштанд. Тибқи арзёбии хадамоти амният, барои эҳтиром гузоштан ба хотираи роҳбари Инқилоби Куба дар майдон наздики як миллион нафар ҷамъ омаданд. Қабл аз оғози қисми расмии ҷамъомад ҷамъомадагон шиорҳои «Ман — Фидел», «Зинда бод Фидел»-ро ба забон меоварданд.
Ёдовар мешавем, ки маросими дафни Фидел Кастро рӯзи 4 декабр дар Сантяго-де-Куба ба нақша гирифта шудааст.

Ноябрь 30, 2016 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Неруҳои амниятии Афғонистон чанде аз рустоҳои вулусволии Нусайи вилояти Бадахшонро аз «Толибон» бозпас гирифтанд
Шаш корманди полис ва низомиёни амнияти миллӣ дар вилояти Ҳироти Афғонистон кушта шуданд
Раиси Шӯрои уламои вилояти Тахори Афғонистон дар натиҷаи таркиш кушта шуд
Неруҳои Амрико мавзеъҳои «Толибон»-ро дар Қандаҳори Афғонистон бомбаборон карданд
Ашхоси мусаллаҳи ношинос собиқ роҳбари вулусволии Чархи Лӯгарро дар Кобул террор карданд
Автомашинаи устодони Донишгоҳи Бағлони Афғонистон ҳадафи ҳамлаи ҷангҷӯён қарор гирифт
Таркиши навбатӣ дар Кобул боиси маҷрӯҳ шудани 15 нафар гардид
СУТ аз ҳолати даст кашидани чанд мамлакати Иттиҳоди Аврупо аз ваксинаи AstraZeneca ба ташвиш омадааст
ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ: 76 сол пеш Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА пойтахти Японияро бомбаборон карданд
Иҷрокунандаи вазифаи сардори полиси яке аз ноҳияҳои вилояти Ғазнии Афғонистон кушта шуд
Гузоришгари махсуси СММ: Дар Эрон ҳазорон духтарони аз 10 то 14-соларо ба шавҳар медиҳанд
Пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар Швейтсария манъ карда шуд

Маводҳои таҳлилӣ