Дар натиҷаи оташкушоии ҷангиёни ДИ дар Мосул 28 нафар ҳалок гардиданд

Ноябрь 28, 2016 14:19

Душанбе, 28.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари оташкушоии ҷангиёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» (ДИ дар Тоҷикистон мамнуъ аст) дар шаҳри Мосули Ироқ 28 нафар сокинони осоишта ҳалок шуда, 50 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии «Ал-Маядин» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои хабарнигори ин шабака, террористон дар минтақаҳои шимоли шаҳр оташ кушодаанд. Миёни осебдидагон занону кӯдакон низ ҳастанд.
Ёдовар мешавем, амалиёт бо мақсади озод намудани Мосул, ки соли 2014 аз ҷониби ҷангиён забт шуда буд, аз миёнаҳои моҳи октябр инҷониб идома дорад. Дар он низомиёни Ироқ, ихтиёриёни шиа, неруҳои курд ва ҳавопаймоҳои эътилофи байналмилалӣ таҳти роҳбарии ИМА иштирок доранд.

Ноябрь 28, 2016 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронс оид ба ҳалли мусолиҳатомез дар Афғонистон, ки бояд дар Туркия баргузор мегардид, ба таъхир гузошта шуд
Бар асари ҳамла бо истифодаи мошин-бомба дар Ҳироти Афғонистон ду нафар аз неруҳои хезиши мардумӣ кушта шуданд
Россия, Тоҷикистон ва боз 19 кишвар барои ширкат дар конфронс оид ба Афғонистон дар Истанбул даъват шудаанд
Бар асари таркиши автомашинаи пур аз маводи тарканда дар Фароҳи Афғонистон 3 нафар ҳалок ва 22 тани дигар маҷрӯҳ шуданд
Ҷангҷӯёни мусаллаҳи гурӯҳи «Толибон» ба автомашинаи котиботи Маҷлиси сенати Афғонистон ҳамла карданд
Дар Британияи Кабир шавҳари Малика Шоҳзода Филипп дар синни 100-солагӣ аз олам даргузашт
Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 785 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор гардид
Вазорати корҳои дохилии Афғонистон эътирофоти 10 гумонбари ҳамлаҳои ҳадафмандонаро расонаӣ кард
СУТ: иртибот байни ваксинаҳои AstraZeneca ва тромбоз имконпазир аст, аммо пайдошавии тромбҳо — рӯйдоди бениҳоят нодир
Бар асари таркиш дар Нангарҳори Афғонистон ду нафар ҳалок ва 18 тани дигар маҷрӯҳ шуданд
Неруҳои амниятии Афғонистон чанде аз рустоҳои вулусволии Нусайи вилояти Бадахшонро аз «Толибон» бозпас гирифтанд
Шаш корманди полис ва низомиёни амнияти миллӣ дар вилояти Ҳироти Афғонистон кушта шуданд