Теъдоди қурбониёни садамаи қатора дар Ҳиндустон ба 130 нафар расид

Ноябрь 21, 2016 15:23

Душанбе, 21.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди қурбониёни садамаи қатора дар шимоли Ҳиндустон ба 130 нафар расид. Наҷотдиҳандагон корро идома медиҳанд. Дар ин бора агентии «ТАСС» бо истинод ба шабакаи телевизиони NDTV хабар медиҳад.
Бино ба иттилои шабакаи телевизионӣ, теъдоди осебдидагон тақрибан 200 нафарро ташкил медиҳад. Наҷотдиҳандагон тахмин доранд, ки теъдоди қурбониён ва осебдидагон метавонад зиёд гардад, зеро ба онҳо ворид шудан ба бархе аз купеҳои қатораи аз хатти роҳи оҳан баромада муяссар нашудааст.
«Қатораи мусофирбар, ки дар самти Индор — Патна ҳаракат дошт, дар иёлати шимолии Уттар-Прадеш аз хатти роҳи оҳан баромад. Ин фоҷиа дар минтақаи истгоҳи Пухрайан дар километри 100-уми шаҳри Канпура тақрибан соати 3:00-и субҳ ба вақти маҳаллӣ (02:30 вақти Душанбе) рух дод, ки аксарияти мусофирон хоб буданд.
Дар амалиёти наҷотдиҳӣ садҳо нафар, аз ҷумла низомиён ва полис иштирок дошта, техникаҳои вазнин сафарбар шудаанд», — гуфта мешавад дар гузориши шабакаи телевизиони NDTV.
Вазири роҳи оҳани Ҳиндустон Суреш Прабху аллакай изҳор дошт, ки роҳбарияти роҳи оҳан тафтишоти ҷиддӣ мебарад ва гунаҳкорони ин садамаро сахт ҷазо медиҳад. Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки вазорат ба оилаҳои қурбониён дар ҳаҷми 350 ҳазор рупия (қариб 5,2 ҳазор доллари ИМА) ва ба оилаҳои осебдидагон 50 ҳазор рупия (735 доллари ИМА) кумаки яквақтаина мерасонад. Роҳбарияти як зумра иёлот, ки мусофиронашон дар ин садама ҳалок гардидаанд ва ҳукумати марказӣ низ кумаки молиявӣ ваъда кардаанд.

Ноябрь 21, 2016 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари ҳамла бо истифодаи мошин-бомба дар Ҳироти Афғонистон ду нафар аз неруҳои хезиши мардумӣ кушта шуданд
Россия, Тоҷикистон ва боз 19 кишвар барои ширкат дар конфронс оид ба Афғонистон дар Истанбул даъват шудаанд
Бар асари таркиши автомашинаи пур аз маводи тарканда дар Фароҳи Афғонистон 3 нафар ҳалок ва 22 тани дигар маҷрӯҳ шуданд
Ҷангҷӯёни мусаллаҳи гурӯҳи «Толибон» ба автомашинаи котиботи Маҷлиси сенати Афғонистон ҳамла карданд
Дар Британияи Кабир шавҳари Малика Шоҳзода Филипп дар синни 100-солагӣ аз олам даргузашт
Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 785 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор гардид
Вазорати корҳои дохилии Афғонистон эътирофоти 10 гумонбари ҳамлаҳои ҳадафмандонаро расонаӣ кард
СУТ: иртибот байни ваксинаҳои AstraZeneca ва тромбоз имконпазир аст, аммо пайдошавии тромбҳо — рӯйдоди бениҳоят нодир
Бар асари таркиш дар Нангарҳори Афғонистон ду нафар ҳалок ва 18 тани дигар маҷрӯҳ шуданд
Неруҳои амниятии Афғонистон чанде аз рустоҳои вулусволии Нусайи вилояти Бадахшонро аз «Толибон» бозпас гирифтанд
Шаш корманди полис ва низомиёни амнияти миллӣ дар вилояти Ҳироти Афғонистон кушта шуданд
Раиси Шӯрои уламои вилояти Тахори Афғонистон дар натиҷаи таркиш кушта шуд

Маводҳои таҳлилӣ