Трамп расман дар бораи таъйини Элейн Чао ба мақоми вазири нақлиёт хабар дод
Душанбе, 30.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Президенти интихобшудаи ИМА Доналд Трамп рӯзи сешанбе бобати ба дар оянда таъйин намудани Элейн Чао ба мақоми вазири нақлиёт хабар дод. Дар ин бора «Интерфакс» бо истинод ба иттилоияи гурӯҳи гузариш иттилоъ дод. Чао дар маъмурияти Ҷорҷ Буши хурдӣ вазири меҳнат буд.
Чао-аввалин зани осиёӣ мебошад, ки дар ИМА вазир шудааст. Ӯ дар Тайван дар оилаи гуреза аз Чин таваллуд шуда, дар ИМА аз 8-солагиаш зиндагӣ мекунад. То оғози фаъолияти сиёсӣ дар «Citicorp» ва «Bank of America» кор кардааст. Аз нимаи соли 1980 дар маъмурияти президентҳои ҷумҳурихоҳон дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст.
Маъмурияти нави ИМА пас аз савгандёдкунии Трамп дар санаи 20 январ ба кор оғоз мекунад. Палатаи болоии конгресси ИМА бояд таъйиноти асосиро тасдиқ кунад.