Қуттиҳои сиёҳи ҳавопаймое, ки дар Колумбия суқут кард, дарёфт гардиданд
Душанбе, 30.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Колумбия дар бораи дарёфт гардидани қуттии сиёҳи ҳавопаймои дар ин кишвар суқуткарда, ки дар дохили он бозингарони дастаи футболи «Шапекоэнсе»-и Бразилия буданд, иттилоъ дод. Дар ин бора АИР «Новости» бо истинод ба истгоҳи радиоии «360 Radio Colombia» хабар дод.
«Қуттии сиёҳи ҳавопаймои дирӯз суқуткарда дарёфт гардид. Дар дохили он ҳайати дастаи футболи «Шапекоэнсе»-и Бразилия қарор дошт. Инро Вазорати нақлиёт тасдиқ мекунад», — гуфта мешавад дар иттилоияи истгоҳи радиоӣ.
Феълан ба наҷотдиҳандагон муяссар гардидааст, ки дар ҷойи ҳодиса ҷасади 54 қурбониро пайдо намоянд. Ҳавопаймое, ки дар дохили он бозингарони дастаи футболи «Шапекоэнсе»-и Бразилия қарор доштанд, дирӯз, 29 ноябр дар Колумбия суқут кард. Дар дохили он 72 мусофир ва 9 аъзои ҳайати сарнишинон қарор доштанд.
Мавриди зикр аст, ки футболбозон барои анҷом додани сабқати ниҳоии Ҷоми Амрикои Ҷанубӣ парвоз карда буданд.