2 август нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии омор, МД «Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» баргузор мешаванд

Август 1, 2019 12:15

ДУШАНБЕ, 01.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 2 август  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» нишасти матбуотӣ мегузаронанд.

Нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввал соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Вазорати корҳои хориҷӣ гузаронида мешавад.

Агентии омор нишасти матбуотиро соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Агентии мазкур доир менамояд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо нишасти матбуотиро соати 09:00 дар толори Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати молия нишастро соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Вазорати молия баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Кумитаи андоз соати 11:00 дар Нозироти андозсупорандагони калони шаҳри Душанбе, бо суроғаи кӯчаи Шамсӣ, 5/3 баргузор мешавад.

Роҳбарияти МД «Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» соати 14:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.

Ёдовар мешавем, ки  нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011  доир карда мешаванд.

 

Август 1, 2019 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад