Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд»-ро ба истифода доданд

Июль 2, 2020 07:57

ДУШАНБЕ, 02.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар маҳаллаи Тиллокони шаҳри Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тобонидани ҷумак ба фаъолияти марҳилаи аввали ин шабакаи обрасонӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи аввали ин иншоот, ки дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо дастуру ҳидояти бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд, зиёда аз 15 ҳазор аҳолии маҳаллаҳои навбунёди 4, 5, 14 ва 15-и шаҳри Хуҷанд бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардид.

Лоиҳаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ татбиқ гардида, дар марҳилаи аввал барои анҷоми корҳои сохтмонӣ, аз қабили бунёди чоҳҳои амудӣ, ҳавзҳои захираи об, васлу насби таҷҳизот ва қубурҳои қутрашон гуногун бештар аз 16 миллион сомонӣ харҷ шудааст.

Дар доираи татбиқи марҳилаи аввали ин лоиҳа, ки асосан таҷдид ва зиёд намудани иқтидори истгоҳи рақами 4-и Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал»-ро дар бар мегирад, дар муҳлати се сол 6 чоҳи амудӣ бо чуқурии 180 метр, 4 ҳавзи бузург бо ғунҷоиши 6 ҳазор метри мукааб об, як адад пойгоҳи обкашӣ бунёд ва 2 ҳазору 900 метр қубурҳои қутрашон аз 355 то 500 миллиметр васл гардида, ҳамчунин барои фаъолияти муназзами ин шабакаи муосири обрасонӣ ду адад трансформатори тавоноиаш 1000 киловолт-ампер насб ва аз масофаи қариб 14 километр бо истифода аз 46 пояи оҳану бетонӣ хати интиқоли неруи барқ кашида шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ карда, ба масъулон барои истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида дастуру ҳидоятҳо доданд.

Барои татбиқи лоиҳаи «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд», ки дар маҷмӯъ 4 марҳиларо дар бар мегирад, зиёда аз 100 миллион сомонӣ сарф карда мешавад ва дар солҳои наздик мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ дар шаҳри Хуҷанд пурра бартараф мегардад.

Дар шаҳри Хуҷанд барои таъмини пурраи аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дигар лоиҳаҳо низ мавриди татбиқ қарор доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи дуюми лоиҳаи «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд» бунёди ду ҳавзи бузург — ҳар кадом бо ғунҷоиши 3 ҳазор метри мукааб об, васлу насби қубурҳои ба фишори баланд тобовар ва тақсими оби нӯшокӣ дар дохили маҳаллаҳо бо истифода аз қубурҳои қутрашон аз 75 то 400 миллиметраро дар бар мегирад.

Дар марҳилаи сеюм ва чорум бошад, кашидани хати оби нӯшокӣ бо қубури қутраш 1000 миллиметра аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд дар назар аст, ки масофаи он 18 километр мебошад.

Бо татбиқи ҳамаҷонибаи ин лоиҳа дар маҷмӯъ 10 ҳавзи бузурги захираи об ва дигар иншооти зарурӣ бунёд гардида, наздики 50 ҳазор аҳолии маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо оби тозаи ошомиданӣ пурра таъмин карда мешавад.

Сокинони шаҳри Хуҷанд ин иқдоми наҷибонаро ғамхории навбатии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва самараи татбиқи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карданд.

Ба истифода додани марҳилаи аввали «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд» 02.07.2020

Июль 2, 2020 07:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд