Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази савдою хизматрасониро ифтитоҳ ва ба ятимон туҳфаҳо тақдим карданд

Июль 2, 2020 07:56

ДУШАНБЕ, 02.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд дар маросими ба истифода додани Маркази савдою хизматрасонии «Хуҷанд Плаза» иштирок намуданд.

Маркази савдою хизматрасонии «Хуҷанд Плаза» бо саҳму иқдоми соҳибкори ватанӣ Шавкат Аюбов бо харҷи 8 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Лоиҳаи иншооти мазкур, ки аз 2 қисми 4 ошёна ва таҳхона иборат мебошад, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориён КС» таҳия гардида, бо қувваи коргарону мутахассисони ширкати «Нанотех М»-и шаҳри Хуҷанд бо тарҳу намуди хоса сохта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо маркази савдою хизматрасонии соҳибкорӣ таъкид доштанд, ки ба ифтихори истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат тадбирҳои созандагиву ободонӣ вусъат меёбанд. Дар иҷрои амалҳои бунёдкорӣ соҳибкорони ватандӯст саҳми арзанда доранд.

Сарвари давлат ҳамзамон изҳор намуданд, ки бо чунин дастовезҳои арзанда ҷашни мубораки миллиамон истиқбол гирифта мешавад.

Дар ошёнаи 1-уми марказ толори ҳусн, мағозаи фурӯши либоси тӯёна, қаҳвахона, дар ошёнаҳои 2-юму 3-юм тарабхонаҳо ҷойгир шуда, дар ошёнаи 4-ум маркази бозию шуғли кӯдакон таъсис меёбад.

Дар толори қаҳвахонаи «Хуҷанд Плаза» нахустин чорабинӣ – мулоқоту суҳбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 50 нафар кӯдакони ятим аз шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Сарвари давлат бо ин кӯдакон, ки бо ҳукми тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, самимона, бо меҳри падарона аз наздик суҳбат намуданд.

Пешвои миллат ба ҳар яки ин фарзандон туҳфаҳо – сару либос ва маблағ тақдим карданд.

Кӯдакони ятим доимо аз ғамхории падаронаи Сарвари давлат бархӯрдоранд ва онҳо ҳеҷ гоҳ худро яккаву танҳо ҳис намекунанд, дар симои Роҳбари давлат пушту паноҳ ва саробону сарпарасти худро доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин бори дигар дастуру супориш дода, таъкид намуданд, ки рӯзгору таҳсили кӯдакони ятиму имконияташон маҳдуд то ба воя расиданашон таҳти назорату ғамхории доимӣ бошад.

Сарвари давлат дархосту хоҳиши ин фарзандонро гӯш карда, онҳоро дилпур сохтанд, ки ҳамеша дастгиру пуштибонашон мебошанд.

Ифтитоҳи Маркази савдою хизматрасонӣ ва тақдими тӯҳфаҳо ба ятимон дар шаҳри Хуҷанд 02.07.2020

Июль 2, 2020 07:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон