Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Раёсати КДАМ дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Сентябрь 16, 2020 09:32

ДУШАНБЕ, 16.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои истиқоматӣ аз 9 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 32 ҳуҷраи барҳаво мебошад.

Иншоот бо тарҳи муосир сохта шуда, дар ошёнаи аввали он дар масоҳати 200 метри мураббаъ Маркази саломатӣ ҷойгир аст, ки аз 7 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла ҷарроҳӣ, доругузаронӣ, буғхона ва тамизгардонӣ, интенсивӣ, табобати дандон, амрози занона, бемориҳои дарунӣ ва ҳамшираи тиб иборат мебошад. Ҳамаи ҳуҷраҳо бо дастгоҳҳои муосири соҳа муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Дар таҳхонаи бино озмоишгоҳ барои таҳлилҳои биокимиёвӣ ҷойгир буда, дар он таҷҳизоти зарурӣ мавҷуданд.

Корҳои сохтмонӣ соли 2018 оғоз гардида, бо ҷалби мутахассисони баландихтисоси маҳаллӣ бо сифати баланд анҷом ёфтаанд.

Бинои истиқоматӣ барои ҳайати шахсӣ ва афсарони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд туҳфаи арзишманди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 29-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чанде аз оилаҳои кормандон калиди хонаҳои истиқоматиро супорида, онҳоро барои соҳиби манзили истиқоматӣ шуданашон таҳният гуфтанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмини шароити арзандаи кору хизмат ва зисту зиндагонии кормандони сохторҳои қудратӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои мукаммал намудани воҳидҳои сохторию низомии он бо техникаю таҷҳизот пайваста чораҳои зарурӣ амалӣ менамояд, то амнияту осоиштагии сокинон таъмин карда шавад.

Ҳамаи ҳуҷраҳо бо ҷиҳози зарурии рӯзгор, аз қабили ҷевон, рахти хоб, яхдон, телевизор ва дигар шароити зист таъминанд.

Ҳамчунин бино ба шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст мебошад.

Кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки соҳиби манзилҳои истиқоматӣ шуданд, барои дастгириҳои пайваста ва муҳайё намудани шароити арзандаи зист ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.

Саҳн ва атрофи бинои истиқоматӣ сабзкорӣ шуда, бо гулу буттаҳои ороишӣ зиннат ёфтааст.

Ифтитоҳи бинои 9 - ошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 16.09.2020

Сентябрь 16, 2020 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад