Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ҳисор мулоқот карданд

Сентябрь 18, 2020 12:48

ДУШАНБЕ, 18.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ҳисор мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи сафари навбатии кории худро ба шаҳри Ҳисор шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, вазъи корҳои саҳроӣ ва ободкориву созандагӣ маънидод намуданд.

Президенти мамлакат таъкид карданд, ки «аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолкардаи кишоварзон ва фаъолияти корхонаву коргоҳҳои шаҳри Ҳисор бори дигар эътимод ҳосил намудем, ки мардуми заҳматпешаву созанда барои таҳкими пояҳои иқтисодии давлатамон содиқона заҳмат мекашанд».

Таъкид гардид, ки бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои мухталифи ҷаҳони имрӯза, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои дунёро мураккаб гардонидааст, Ҳукумати Тоҷикистон барои ноил шудан ба ҳадафи олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми мамлакат аз тамоми имконот истифода карда, тадбирҳои барномавии худро пайгирона амалӣ намуда истодааст.

Дар даврони истиқлоли давлатӣ шаҳри Ҳисор хеле рушд карда, дар ҳудуди он даҳҳо корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва марказҳои савдо бунёд гардида, соҳаҳои дигари он, аз ҷумла саноат ва кишоварзӣ рӯ ба пешрафт ниҳодаанд.

Ҳукумати мамлакат барои обод кардани шаҳри Ҳисор ва таъмин намудани рушди бомароми он дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлат беш аз якуним миллиард сомонӣ равона кардааст.

Илова ба маблағҳои зикршуда, дар ин давра дар ҳудуди шаҳр 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 800 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло 5 лоиҳаи дигари сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда истодааст.

Ҳамаи ин иқдомҳои Ҳукумати мамлакат барои пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва пеш аз ҳама, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, таъминот бо барқ, таҷдиди роҳҳои мошингард ва рушди деҳот нигаронида шуда, боиси хеле беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ гардидаанд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди мунтазами соҳибкорӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Зеро соҳибкорӣ яке аз заминаҳои муҳими рушди иқтисодиёт ба ҳисоб меравад.

Ҳоло дар шаҳри Ҳисор 69 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо тайи ҳафт моҳи соли равон ба маблағи 124 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки 106 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад.

Ҳисор дорои захираи ғании ашёи хом, махсусан, сабзавот ва меваю ангур буда, дар ҳудуди он тавассути бунёд кардани корхонаҳои истеҳсолӣ ҳазорҳо нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намудан ва воридоти маблағҳои иловагиро ба буҷет ба роҳ мондан мумкин аст.

Бинобар ин, Сарвари давлат роҳбарони шаҳрро вазифадор карданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, инчунин роҳбарони корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорон бояд барои истифодаи пурра аз захираҳои фаровони ашёи хоми маҳаллӣ, махсусан, маҳсулоти кишоварзӣ, ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами корхонаҳои амалкунанда, истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, ташкили корхонаю коргоҳҳои нав ва ба ин васила зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои ҳаётан муҳими шаҳри Ҳисорро таҳлилу баррасӣ карда, барои мусоидат ба рушди онҳо ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва дигар сохторҳои давлатӣ дастуру супоришҳо доданд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини  шаҳри бостонии Ҳисор минбаъд низ бо фаъолияти созандаи худ барои ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон ва таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони шаҳри Ҳисор, намояндагони касбу кори гуногун Муниса Исматова — варзишгар, Бахтинисои Аъзам — омӯзгор, Комил Холиқов — соҳибкор ва Зарина Мардонова — табиб бо изҳори сипосу миннатдорӣ нисбат ба талошҳову тадбирҳои созандаи Пешвои миллат баромад карданд.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ҳисор 18.09.2020

Сентябрь 18, 2020 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад