Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун ва шиносоӣ бо корҳо дар НБО «Роғун»

Октябрь 14, 2020 09:50

ДУШАНБЕ, 14.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» ташриф оварданд.

Бунёдгузори иншооти азими аср — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо самимияти хосса истиқбол карданд.

Нахуст Пешвои миллат бо ҷараёни корҳо дар сарбанди неругоҳ, ки яке аз иншооти муҳим ва асосии сохтмон ба ҳисоб меравад, шинос шуданд.

Бо азми қавӣ ва иродаи устувор имрӯз бунёдгарон хобондану шибба кардани омехтаи сангу шағал ва дигар ҷинсҳои кӯҳиро дар танаи сарбанд идома дода, обанборро то ба сатҳи 1080 метр аз сатҳи баҳр расондаанд.

Маводи хобондашуда дар сарбанд 11,8 млн. метри мукааб, аз ҷумла дар қисми болоии он 8,3 млн. метри мукааб ва дар қисми поёнӣ 3, 5 млн. метри мукаабро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии корҳои иҷрошаванда дар доираи лоиҳа дар сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун” 79,4 млн. метри мукааб мебошад. Имрӯз сатҳи обанбор дар нишонии 1070 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад.

Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум гардид, ки барои кашонидан ва қабат ба қабат хобондани маводи сарбанд беш аз 100 адад техника, аз қабили мошинҳои гаронвазни боркаш, булдозерҳо, эксковаторҳо ва дигар механизмҳои зарурӣ сафарбар карда шудаанд. Кор дар сарбанд дар ду баст шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, то 35 ҳазор метри мукааб мавод хобонида мешавад. Ҳаракати бетаваққуфи мошину механизмҳои гуногунтамға дар ин корзори нангу номус дарки масъулияти ватандорӣ ва худшиносию худогоҳии ҳар як сохтмончиро бозгӯӣ мекунад.

Дар заминаи дастгирии ҳамешагӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгарони Кохи нур талош бар он доранд, ки бо иҷрои саривақтӣ ва таъмини сифатноки корҳо барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ қадамҳои устувор гузоранд.

Баробари иҷрои корҳои заминӣ сохтмончиён ҳамчунин дар ин қитъаи сохтмон васлу насби асбоби санҷишӣ-ченкуниро низ идома дода истодаанд.

Сифати корҳо дар сарбанди неругоҳ пурра таҳти назорати ҷиддии мутахассисон қарор дорад. Баъди хобонидани ҳар қабат коргарони озмоишгоҳ намуна гирифта, таркиби донабандии сарбандро аз ташхис мегузаронанд ва дар сурати ба даст омадани натиҷаи мусбат ба хобонидани қабати навбатӣ иҷозат медиҳанд.

Дар қисми пеши сарбанд ба хотири нагузаштани об то сатҳи 1080 метр зиёда аз 65 ҳазор метри мураббаъ маводи зиддиполоишии геомембрана, ки асосан дар кишварҳои Аврупо истеҳсол мегардад, насб шудааст. Тибқи маълумот, чунин мавод дар қаламрави Осиёи Марказӣ ҳанӯз дар ягон кишвар истифода нагардидааст.

Дар дигар мавзеъҳои Сарбанд, яъне ду тарафи соҳил корҳои ҳамворкунӣ, бетонпошӣ, анкерхобонӣ ва дигар корҳои зарурӣ бо ҷӯшу хурӯш идома доранд.

Тавре аён гардид, корҳо дар мавзеъҳо бо истифода аз техникаву механизми пуриқтидор аз ҷониби мутахассисони баландихтисоси соҳа иҷро мешаванд.

Корҳои сохтмониро дар сарбанди неругоҳ ширкатҳои ватанию хориҷӣ бо ҷалби мутахассисони баландихтисос ва дорои таҷрибаи ғанӣ иҷро менамоянд.

Зимни шиносоӣ бо корҳо дар сарбанди неругоҳ Сарвари давлат ба роҳбарони Ширкати “Вибилд” дастур доданд, ки бунёди сарбанд дар муҳлат ва бо сифат, ҷавобгӯ ба талаботи сохтмонӣ ба анҷом расонида шавад.

Дар баробари мутахассисони дорои таҷрибаи зиёди корӣ имрӯз дар корзори “Роғун” ҷавонони ватандӯсту меҳанпараст низ бо дасту дили гарм ва умед ба ояндаи боз ҳам шукуфони Ватан баҳри иҷрои корҳои сохтмонӣ камар бастаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иродаи устувор ва неруи созандаи кормандони муҳандисию техникии Неругоҳи барқи обии “Роғун” аҳсан хонданд.

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Роғун ва шиносоӣ бо корҳо дар НБО “Роғун” 14.10.2020

Октябрь 14, 2020 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд