Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти обқабулкунаки доимии НБО «Роғун» шинос шуданд

Октябрь 14, 2020 11:08

ДУШАНБЕ, 14.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти обқабулкунаки доимии Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд.

Корҳои сохтмонию васлгарӣ дар  иншооти обқабулкунаки доимӣ  аз  ҷониби  коргарону мутахассисони  Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ориёно» бо суръат идома доранд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо фаъолияти коргарону мутахассисон ва суҳбати озоду самимӣ ба онҳо дастуру ҳидоят доданд, ки  қабл аз  ҳама, ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати зарурӣ диҳанд.

Дар обқабулкунакҳои асосӣ бо назардошти роҳҳои дастрасӣ ба онҳо ва мустаҳкам намудани фарози кӯҳҳо то имрӯз 4,3 миллион метри мукааб корҳои заминӣ, 4,1 ҳазор метр гузоштани анкерҳои ПНА ва 134,4 ҳазор метри мураббаъ пошидани маҳлулҳои бетонӣ ба анҷом расидааст.

Фаъолияти босамар ва  шабонарӯзии коргарону мутахассисон имкон  фароҳам овард, ки  дар  иншооти мазкур корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва тибқи нақшаи пешбинишуда вусъат ёбад.

Корҳои нақбкании  шахтаҳои дарвозаҳои обрасон дар сатҳи 1300 метр аз  ҷониби коргарони “Заводи таҷрибавӣ — механикӣ”-и Норак  тибқи риояи  талабот   ва   меъёрҳои  сохтмонӣ анҷом дода шуда истодаанд.

Дар иншооти  обқабулкунаки доимии Неругоҳи барқи обии “Роғун”  аз техникаву механизмҳои муосир истифода шуда, тавассути онҳо корҳои  сохтмонӣ бо  сифати баланд анҷом дода мешаванд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба  ҷараёни корҳои сохтмонӣ  ва фаъолияти коргарону мутахассисон дар иншооти  обқабулкунаки доимии Неругоҳи барқи обии “Роғун” баҳои баланд доданд.

Коргарону мутахассисон  бо  азму иродаи созанда ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои бунёдгузори Неругоҳи барқи обии “ Роғун”  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабонарӯзӣ заҳмат кашида,  барои  анҷоми муваффақона ва  босифати  корҳо беш аз  ҳарвақта саъю  талош мекунанд.

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти обқабулкунаки доимии НБО “Роғун” 14.10.2020

Октябрь 14, 2020 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд