Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум (СТ-4)-и НБО «Роғун» шинос шуданд

Октябрь 14, 2020 09:52

ДУШАНБЕ, 14.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба мавзеи бунёди НБО-и «Роғун» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум соли 2018 оғоз гардида, дарозии иншооти мазкур 1750 метр ва қутраш 15 метрро ташкил медиҳад.

Қобилияти обгузаронии нақби сохтмонии қабати чорум дар як сония 3500 метри мукаабро дар бар мегирад.

То имрӯз ҳаҷми умумии корҳои нақбканӣ 342,3 ҳазор метри мукааб, корҳои бетонхобонӣ 92,2 ҳазор метри мукаааб ва гузоштани анкерҳои ПНА 21 ҳазор метр иҷро гардидааст.

Дар камераи дарвозаҳои садамавӣ ва асосии нақби сохтмонии қабати чорум корҳои нақбканӣ 73,3 ҳазор метри мукааб, корҳои бетонхобонӣ 3,3 ҳазор метри мукааб ва корҳои васлу насби оҳанфулузот дар ҳаҷми 181 тонна иҷро гардидаанд.

Корҳои лоиҳакашии иншоотро ширкати “Гидропроект”-и Москва, “Эфрӣ”-и Швейтсария, ҶСП “Тоҷик Кон” ва лоиҳакашии корҳои васлу насби оҳану фулузотро ҶСК “Тоҷикгидромонтаж” анҷом медиҳанд.

Корҳои сохтмону васлгариро ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” идома дода истодаанд.

Чун дигар қитъаҳои сохтмонӣ коргарону мутахассисони соҳибтаҷриба бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва масъулиятшиносӣ бо истифода аз муосиртарин нақлиёту механизми соҳавӣ корро дар нақби сохтмонии қабати чорум ба таври шабонарӯзӣ  идома дода истодаанд.

Дар рафти бунёди иншоот ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, масолеҳи сохтмонӣ қабл аз истифода санҷида мешавад.

Муҳайё будани шароити мукаммали корӣ барои корбарону кормандони муҳандисиву техникии ин иншооти азим омили асосии марҳила ба марҳила дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонидани корҳо гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки фаъолияти дастаҷамъона ва дарки баланди масъулиятшиносии кормандон имкон фароҳам овард, ки то имрӯз ду агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба кор дароварда шавад ва агрегатҳои дигари ин иншооти азими гидроэнергетикии мамлакат низ мувофиқи нақша дар муҳлатҳои муайяншуда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Аснои шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин қитъа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ барои расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ намуда истодааст ва бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” низ аз ҷумлаи нақшаҳои асосии давлат дар самти расидан ба ин ҳадафи стратегӣ мебошад. Сохтмон ва ба истифода додани Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки иншооти  стратегӣ ба ҳисоб меравад, дар ояндаи наздик Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истиқлоли комили энергетикӣ расонида, пешрафти иқтисоди миллиро дар мамлакат пурра таъмин сохта, барои ҳар шаҳрванд зиндагии шоиста фароҳам меорад.

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум (СТ-4)-и НБО “Роғун” 14.10.2020

Октябрь 14, 2020 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон