Дар Душанбе оид ба таъмини амнияти иқтисодӣ конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ доир шуд

Апрель 20, 2021 15:49

ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Таъмини амнияти иқтисодӣ: таҳдидҳо ва дурнамо» конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид. 

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории конфронси мазкур таҳлилу баррасӣ ва арзёбии дастовардҳо ва тамоюлҳои рушди иқтисодиёти миллӣ бо мақсади ноил шудан ба амнияти иқтисодӣ мебошад. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки таъмини амнияти иқтисодӣ яке аз масъалаи афзалиятноки стратегии ҳар давлат ба ҳисоб меравад.

«Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлисӣ Олии мамлакат аз 26 январи соли 2021 иброз доштанд, соли 2020 барои  сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон яке аз солҳои вазнинтарин буд. Дар натиҷаи паҳншавии пандемияи COVID-19 ва коҳиши босуръати фаъолияти иқтисодӣ ва афзоиши сатҳи бекорӣ вазъи сайёра боз ҳам мураккабтар гашта, тақрибан ҳамаи кишварҳо ба буҳрони шадиди иқтисодӣ, молиявӣ ва иҷтимоӣ дучор омаданд.

Дар ҳақиқат оқибатҳои пандемия ба рушди иқтисодиёти миллии мо, аз ҷумла буҷети давлатӣ, тиҷорати беруна, қурби асъори миллӣ, инчунин фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва соҳаҳои хизматрасонӣ то ҳол таъсири манфӣ расонида истодаанд.

Бояд тазаккур дод, ки рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ, баланд шудани сатҳи некуаҳволӣ, татбиқи бомуваффақияти сиёсати иҷтимоии давлат ва таҳкими қонуният ва тартибот, ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ дар соҳаи истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баромадани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии мамлакат ба ҳалли муассири мушкилоти ба миёномада вобаста аст»,- афзуд Хуршед Зиёӣ.

Бояд зикр намуд, ки бо мақсади коҳиш додани таъсири таҳдидҳо ва амнияти иқтисодӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ мақсад гузоштааст, ки то соли 2030 маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба ҳар сари аҳолӣ 3 маротиба зиёд карда, сатҳи камбизоатиро беш аз 2 маротиба паст намояд ва ҳиссаи аҳолиро бо даромади миёна аз 22 то 50 дарсад афзоиш диҳад.

Ба андешаи Хуршед Зиёӣ, дар натиҷаи беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ҳиссаи сармояи хусусӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бояд 5 маротиба афзун гардида, саҳми бахши саноат ба Маҷмӯи маҳсулоти  дохилӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад. Ин имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба давлати саноативу аграрӣ табдил ёбад.

Амнияти иқтисодӣ  чун бахши муҳими амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун шароит ва кафолати рушди устувори иқтисодӣ дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то 2030» хизмат мекунад. Амнияти иқтисодӣ қисми ҷудонашавандаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба сифати чораи техникию технологӣ барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, субот, қонуният ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баромад мекунад.

Дар конфронси мазкур ҳамчунин  муовини сардори Раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати саноат ва технологияҳои нав Толиб Раҳимов, сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо Мадҷон Мирзоалӣ, мудири шуъбаи ҳифзи меҳнати Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Савлатшоҳ Хоркашев ва  донишмандону коршиносон иштирок намуда, оид ба мавзӯи мавриди назар ибрози андеша намуданд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: аз АМИТ «Ховар»

Апрель 20, 2021 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Созишномаи молиявӣ оид ба гузариши «сабз» тавассути таъсиси занҷираи арзиши иловашудаи пахта ба имзо расид
Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» Тоҷикистонро аз лиҳози амнияту субот дар ҷойи сеюм қарор дод
Ҷаласаи Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд
Дар шаҳри Ҳисор дар майдони беш аз 7500 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шуд
Бонки миллии Тоҷикистон: «Ба шахсони бегона маълумоти шахсии худро надиҳед»
Аз ҷониби сармоягузорони Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,6 миллиард доллар сармоя ворид шудааст
Кишоварзони ноҳияи Лахш беш аз 75 ҳазор тонна картошкаи хушсифат истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна ангишт истихроҷ гардидааст
Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори дохилии асъор ва сиёсати қурбиро шарҳ дод
Раёсат дар Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ба ҷониби Тоҷикистон гузашт
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ: «Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба мамлакат дар зинаи сеюм қарор гирифт»