Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маркази савдо ва хизматрасонии «Амид»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода супориданд

Апрель 10, 2021 11:46

ДУШАНБЕ, 10.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд маркази савдо ва хизматрасонии “Амид”-ро ба истифода супориданд.

Иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саидамон Исомаддинов бунёд карда шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи июни соли 2020 оғоз гардида, ҳангоми бунёди он 60 нафар матахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуда буданд.

Иншооти дуошёна аз маркази савдо ва хизматрасонӣ иборат мебошад.

Дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъсису ба истифодадиҳии иншооти нави маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар шаҳри Хуҷанд дар баробари дастрасӣ ба маҳсулоти босифат, ҳамзамон барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, хусусан ба шуғли доимӣ фаро гирифтани 50 сокини маҳаллӣ низ имконият фароҳам овард.

Ба хотири ҳарчи бештар таъмин намудани занону духтарон бо ҷойи кор масъулин иқдом гирифтанд, ки нақшаҳои мушаххасро амалӣ созанд. Ҳамин тавр аз шумораи умумии кормандон 40 нафарашро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Зимни ба истифода супоридани иншоот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар маркази савдо аслан маҳсулоти истеҳсоли коргоҳу корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ, қаннодӣ, кишоварзӣ ва нонӣ, ки дорои сифати баланду аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад, ба фурӯш бароварда мешаванд.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки дар оянда бо роҳи васеъ намудани самти фаъолият шумораи кормандон, бахусус занону духтарон зиёд карда мешавад.

Маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” бо тарҳи муосир ва шаклу услуби хоси меъморӣ бунёд гардида, дар назди иншоот таваққуфгоҳи нақлиёт бо 90 ҷой таъсис ва атрофи бино ободу зебо карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва иқдоми созандаи соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз имконияти ҷойдошта тадбирҳои ободонию созандагиро вусъат диҳанд.

Ба истифода супоридани маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар шаҳри Хуҷанд 10.04.2021

Апрель 10, 2021 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаҳои пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 2762 биною иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон осоишгоҳи замонавӣ бунёд мегардад