Иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” дар Кохи Борбад

Июнь 10, 2021 21:18

ДУШАНБЕ, 10.06.2021. / АМИТ «Ховар»/. 10 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”, ки дар Кохи Борбад баргузор шуд, иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур бо суханронии Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев оғоз гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар қаноатмандию нишоти худ ва мардуми Тоҷикистонро аз ташрифи расмии меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сарзамини офтобию меҳмоннавози Тоҷикистон изҳор намуда, натиҷаҳои онро қадами муҳиму устувор дар роҳи таъмиқи муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстии мардумони мо аз қаъри таърих реша мегирад ва он бояд бо талошу ташаббусҳои муштараки халқҳо то абад поянда бимонад.

Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз пазироии гарму самимӣ, дӯстона ва бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик изҳори хушҳолӣ ва сипосу қадрдонӣ карданд.

Дар баромади худ Сарони давлатҳо инчунин оид ба идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ, хешу таборӣ ва рушду густариши ҳамкории гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар андешаронӣ карда, баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ маънидод намуданд.

Макони баргузории чорабинии фарҳангӣ — толори Кохи Борбад бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз самимияту дидори мардумони ба ҳам дӯсти ду кишвари ҳамсоя фазои тозаи идона дошт.

Баъди суханронии сарони давлатҳо чорабинии фарҳангии “Шоми дӯстӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад, идома ёфт.

Июнь 10, 2021 21:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоми дӯстӣ ба ифтихори сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар бӯстонсарои шаҳрӣ
Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ордени «Зарринтоҷ» дараҷаи I ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев
Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз табиати нотакрори Тоҷикистон боздид намуданд
Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев
Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои матбуот оид ба натиҷаҳои музокироти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев
Миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Ифтитоҳи маҷозии иншооти дӯстӣ — Мактаби таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ва Маҷмааи тандурустӣ дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон
Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони водии Рашт