Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

Июнь 12, 2021 10:28

ДУШАНБЕ, 12.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нав дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд бо таври замонавӣ бунëд гардида, аз 5 ошëна бо таҳхона иборат мебошад. Дар шафати бинои асосии Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд иншооти дигари ëрирасон бунëд карда шудааст.

Марказро дар асоси нақша-чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудаанд.

Дар таҳхонаи бино шуъбаи санҷиши воситаҳои ченак ва ҳуҷраи ташхиси пойафзол ҷойгир карда шудааст.

Шуъбаи санҷиши воситаҳои ченак аз озмоишгоҳҳои санҷиш ва андозагирии воситаҳои ченаки гармоӣ-техникӣ, ташхиси таҷҳизоти барқӣ, санҷиш ва андозагирии ченаки вазн, санҷиши воситаҳои ченаки геометрӣ, санҷиши воситаҳои ченаки электромагнитӣ, санҷиши воситаҳои ченаки басомадҳои радио иборат буда, ҳар кадоми он бо технологияи навтарини  соҳа  пурра таъмин мебошад.

Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити нави фаъолият гуфта шуд, ки дар шуъба зиёда аз 20 номгӯи ташхис гузаронида мешавад ва дар он мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд.

Маҷлисгоҳ бо 100 ҷой ва ошхонаи марказ бо 40 ҷой дар ошëнаи якуми иншоот ҷойгир мебошад.

Дар ошёнаҳои дуюм, сеюм ва чоруми бино утоқҳои кории маъмурият ва шуъбаҳои марказ ҷойгир буда, кормандон бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин мебошанд. Дар марказ толори конфронс низ мавҷуд аст.

Озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ, кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ ва бактериологии марказ дар ошëнаи панҷуми бино аз ҳуҷраҳои микробиологӣ, ташхиси ғалладонагиҳо ва маҳсулоти аз он истеҳсолшаванда, спектроскопӣ, физикӣ-химиявӣ, муайян намудани организми генашон тағйирдодашуда, ташхиси металҳои вазнин, тайёркунии намуна, нигоҳдории намуна, анбори нигоҳдории реактивҳои химиявӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Бахши нозироти пахта ва пилла ва озмоишгоҳи маҳсулоти нафтӣ дар бинои алоҳида ҷойгир буда, он ҳам бо таҷҳизоти навтарин ҷиҳозонида  шудааст.

Дар озмоишгоҳ ташхиси сӯзишвории дизелӣ, бензин, равғанҳои муҳаррикӣ, моеи хунуккунанда ва ғайра гузаронида мешавад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз ҳисоби даромадҳои Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғд дар мавзеи бекорхобида бунëд шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки то бунёд гардидани бинои нав Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд дар 3 бинои алоҳида, ин ҳам аз ҳамдигар дар масофаи дур фаъолият мекард.

Акнун ҳамаи бахшҳои марказ дар як бинои зебо, боҳашамат ва дорои шароити муосиру мусоид ҷой гирифт, ки ин дар пешбурд ва рушди соҳа, таъмини сатҳ, сифат ва суръати хизматрасониҳо мусоидати амиқ менамояд.

Дар ҳавлии бино ва атрофи он гулу дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, истифодаи самараноки имконоти мавҷуда ва таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии аҳолиро дар ҳамаи самтҳо, муҳим шумориданд.

Ифтитоҳи бинои Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғд 12.06.2021

Июнь 12, 2021 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 2762 биною иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон осоишгоҳи замонавӣ бунёд мегардад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд