ДИҚҚАТ, ТАҶРИБА! Дар Швейтсария ризокорон (волонтёрон) дар ҷамъоварии ҳосили себ кумак мекунанд: ин бояд мавриди таваҷҷуҳи кишоварзон ва хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон қарор бигирад

Октябрь 26, 2021 12:49

ДУШАНБЕ, 26.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар Швейтсария ризокорон (волонтёрон) ба соҳибони боғ дар чидани себ кумак мекунанд-ягон дона себ талаф намеёбад. Ҷамъияти SOS Fruit ба онҳо дар дарёфти ҳамдигар барои ҷамъоварии меваҳо кумак менамояд. Баъди он ҳосил миёни ризокорон, боғбонон ва иттиҳодияе, ки меваҳоро ба шарбат табдил медиҳад, тақсим мешавад. Себҳоро дар коргоҳҳои маҳаллӣ фишурда, шарбатҳоро коркард (пастеризатсия) карда, ба қуттиҳо меандозанд. Панҷ литри он тақрибан нуҳ евро арзиш дорад. Маблағи ба дастомада ба ширкати SOS Fruit кумак мекунад, то хароҷоти амалиётиро ҷуброн кунад, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба euronews.com.

Дар мавсим ширкат беш аз се тонна себи ҷамъоваришударо мавриди истифода қарор медиҳад.

«Боғдорон роҳи сарфакорона истифода бурдани дарахтон ва боғҳои кӯҳнаро ёфтаанд. Барои онҳо ин роҳи асосии муҳофизати дарахтони себ ва шинондани дарахтони нав аст. Ин ҳадафи асосии мост»,- мегӯяд Сирил Майвер, намояндаи матбуотии Pressoir D’Orbe.

Дар як рӯз ризокорон қариб 650 килограмм себ ҷамъоварӣ мекунанд ва ин меваҳо талаф намеёбанд.

Ба қавле, деҳқонон ва хоҷагиҳои мо аз ин бисёр чизҳоро омӯхта метавонанд. Гузашта аз ин, ҳоло дар саҳрову боғҳои Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили сабзавоту мева идома дорад. Инчунин таҷрибаи ризокориӣ вуҷуд дорад. Ҳанӯз соли 2013 дар ҷумҳурӣ Қонун «Дар бораи фаъолияти ризокорӣ» қабул шуда буд. 5 марти соли 2014 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор оид ба фаъолияти ризокорӣ таъйин гардид. Ва ризокорони Тоҷикистонро Ассотсиатсияи миллии ризокорони Тоҷикистон, ки 20 феврали соли 2014 бо ташаббуси Иттиҳодияи ташкилоти ҷавонони Тоҷикистон (117 аъзо дорад) ва 7 ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон таъсис ёфтааст, барои сафарбар намудани ҷидду ҷаҳдашон ба инкишофи ризокорӣ муттаҳид  менамояд.

Нахустин созмонҳои ризокориӣ дар Тоҷикистон соли 2000 таъсис ёфта, дар ибтидо ба ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон нигаронида шуда буданд. Ҳоло самтҳои фаъолияти онҳо хеле вусъат ёфтааст. Имрӯз ин афрод, ки аксарияташон ҷавононанд, дар ҳалли мушкилоте, ки дар давраи бемории коронавирус ба миён меоянд, ширкат мекунанд. Онҳо ба пиронсолон, маъюбон, оилаҳои серфарзанд ва оилаҳои ниёзманд, ки дар ҳолати вазнин қарор доранд, кумак мерасонанд. Ба онҳо ёрии амалӣ,  маънавӣ, иттилоотӣ зарур аст.

Бояд фаъолияти волонтёрони кишоварзӣ ё хоҷагидорӣ бештар амалӣ карда шавад. Ҳеҷ кас ба касе пул намедиҳад, ризокор вақти холии худро бо салоҳдиди худ мегузаронад.

Муовини якуми Вазири кишоварзии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин  иброз дошт: «Албатта, ин таҷриба муфид аст ва онро дар кишвари мо низ амалӣ кардан саривақтист. Дар кишвари мо 190 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуданд ва агар роҳбарони ин хоҷагиҳо ба мо муроҷиат кунанд, мо ба онҳо дар якҷоягӣ бо дигар муассисаҳо, аз қабили Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳандозии чунин кор кумак хоҳем кард».

Зимнан, ҳаракати ризокорони кишоварзӣ дар Русия низ  вуҷуд дорад. Ин на танҳо зиндагӣ ва меҳнат дар фермаҳо, саҳрою боғҳо, балки таҷрибаи нав андӯхтани онҳост. Ин пайвастан бо табиат ва фаҳмиши паҳлӯҳои нави зиндагии худ, манзараҳои табиати тасвирнашаванда, сурудҳои назди оташ ва тару тозатарин маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Ба ҳисоби миёна ҳар волонтёр рӯзе 4-5 соат бепул кор мекунад, дар ҷавоб роҳбари хоҷагӣ ӯро бо хобгоҳ ва се вақт хӯрок таъмин менамояд.

Ризокорон дар хоҷагӣ барои ҷамъоварии меваю сабзавот, нигоҳубини чорво ва кори хоҷагӣ ёрӣ мерасонанд, дар фаъолияти хоҷагидорӣ фаъолона иштирок мекунанд. Инчунин барои ризокорон таҳти унвони «Ҳунари асили худро нигоҳ дор» дарсҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд.

Дар натиҷаи таҷрибаомӯзӣ ризокорон аз Вазорати кишоварзии Федератсияи Русия шаҳодатнома мегиранд.

Зарангези ЛАТИФ,
Саид АЛӢ,

АМИТ «Ховар»

Октябрь 26, 2021 12:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд шумораи корхонаҳои истеҳсоли равған меафзояд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи барҳамхӯрӣ ва аз фаъолият мондани корхонаҳои саноатӣ дар вилояти Суғд изҳори нигаронӣ намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи 18-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Барои ифротӣ нагаштани ҷавонон таваҷҷуҳи онҳоро ба илму дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ бояд ҷалб намуд
Масъулини вилояти Суғд баҳри ҳалли мушкилоти пойгоҳҳои обкашӣ ва норасоии обёрии замин вазифадор гардиданд
Лоиҳаи «Ташхиси сохтори бозори пул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид
Дар оянда байни Душанбе ва Сеул роҳи ҳавоӣ кушода мешавад
8 АПРЕЛ-РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. Созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ арзёбӣ намудаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
Корхонаи давлатии фаръии «Обтаъминкунӣ» дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба беш аз 4 ҳазор хоҷагӣ хизмат мерасонад
Дар Хатлон бо мақсади беҳтар гардонидани содироти маҳсулоти кишоварзӣ вохӯрӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон тасмим гирифтанд, ки нархгузории ягонаро барои интиқолдиҳандагон амалӣ намоянд