«DUSHANBE-SMART CITY» (ДУШАНБЕ-ШАҲРИ ҲУШМАНД»). Ҳайати Тоҷикистон барои табодули таҷриба дар соҳаи шаҳри ҳушманд ва технологияҳои рақамӣ ба Туркия сафар намуд

Июль 4, 2022 13:45

ДУШАНБЕ, 04.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 24 июни соли равон ҳайати намояндагони Тоҷикистон, аз ҷумла аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон», КВД «Шаҳри ҳушманд»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ташкилоти ҷамъияти «Илмхона» барои табодули таҷриба дар соҳаи шаҳри ҳушманд ва технологияҳои рақамӣ ба шаҳрҳои Истанбул ва Анқараи Ҷумҳурии Туркия сафарбар шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи КВД «Шаҳри ҳушманд»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Зимни сафар ҳайати мазкур дар шаҳри Анқара бо масъулини Вазорати муҳити зист, шаҳрсозӣ ва тағйирёбии иқлими Туркия вохӯрӣ намуда, вобаста ба дастовардҳо, стратегияи барномаҳо ва лоиҳаҳои низоми «Шаҳри ҳушманд»-и Туркия маълумоти зарурӣ гирифт.


Инчунин бо намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои Туркия ва технопарки «TeknoPark Ankara» вохӯрӣ намуда, оид ба қонунгузорӣ, фаъолият ва лоиҳаҳои технопаркҳо мубодилаи афкор намуд.

Ҳамчунин аз 22-23 июни соли 2022 як қатор вохӯриҳо бо намояндгони маркази бизнеси (Галата), Турк Телеком ва Донишгоҳи техникии Истамбул анҷом дода шуданд.

Қаблан, 16 июни соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Ҳамоиши дуюми минтақавӣ оид ба Ҳадафҳои рушди устувор баргузор гардид, ки дар он директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод (ДАР АКС) иштирок ва суханронӣ намуд.

Саъдӣ Самадзод зимни суханрониаш оид ба самтҳои Ҳадафҳои рушди устувор, ки ба самтҳои фаъолияти корхона алоқаманданд, дар бораи лоиҳаҳои «еДониш»-барномаи электронӣ дар соҳаи маориф, «еТиб» – барномаи электронӣ дар соҳаи тандурустӣ, шаҳри бехатар, рушноии ҳушманд, «GPS monitoring» дар соҳаи нақлиёт, ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳои сахти маишӣ ва парки технологӣ (IT-Park) ибрози андеша  намуд.

Ҳадафҳои рушди устувор фарогири 17 самт, аз он ҷумла рушди иқтисодии шаҳри Душанбе, ноил шудан ба ҳаёти солим ва баланд бардоштани некуаҳволӣ, таълими фарогир, коҳиш додани ифлосшавӣ, инноватсия, инфрасохтор ва ғайра мебошанд.


Ҳамаи ин ҳамоишҳо оид ба рушди «Шаҳри ҳушманд» дар доираи вазифаҳое, ки дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар давраи то соли 2025» гузошта шудаанд, гузаронида мешаванд. Бо рушди шаҳри ҳушманд, ширкатҳои мо иқтисодиёти рақамии кишвар, ҳукумати электронӣ ва инфрасохтори рақамии шаҳрро инкишоф медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 7 майи соли 2019 бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои электронӣ тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» таъсис дода шуд.


Бояд тазаккур дод, ки ширкат фаъолият ва хизматрасониро дар самтҳои зерин амалӣ менамояд:

— Ҳукумати ҳушманд

— экологияи ҳушманд

— хонаи ҳушманд

— иқтисоди ҳушманд

— бехатарии ҳушманд

— нақлиёти ҳушманд

— неруи ҳушманд

— тибби ҳушманд

— таҳсили ҳушманд

— оби ҳушманд.

Зебои ЮСУФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: КВД «Шаҳри ҳушманд» /АМИТ «Ховар»

Июль 4, 2022 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«КАРНАВАЛИ НАВРӮЗӢ». Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
«Карнавали Наврӯзӣ» дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе 25 март баргузор мегардад
ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗИ МАН! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ сокинону меҳмонон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва сарбозони қисмҳои низомӣ кумак расонида шуд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар тамоми боғҳои пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд
Субҳи имрӯз дар «Боғи Ғалаба» сокинони чор ноҳияи пойтахт бо оростани гулхани ҷашнӣ фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
РАМЗИ БАҲОРУ НАВРӮЗ. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе табақи суманак гузошта шуд
Дар Душанбе бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон фестивали байналмилалӣ оғоз ёфт
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Дар шаҳри Душанбе фестивали байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ-МАКОНИ БЕҲТАРИНИ САЙЁҲӢ. Дар айёми баҳор пойтахт барои гардишгарӣ хеле муносиб аст
НАШУНИДАМ НАГӮЕД! Корвони наврӯзӣ ба сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе муждаи баҳор меорад