ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МИЛОДӢ. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов аз номи Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ ба сарбозону афсарон кумаки моддӣ ва туҳфаҳо расонид

Декабрь 6, 2022 16:04

ДУШАНБЕ, 06.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар пайравӣ ба ташаббусҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат, ҳамзамон бо бардошт аз Маҷлиси солонаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки 30 ноябр баргузор шуд ва дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд, соҳибкор, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», узви ҲХДТ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  дар отряди сарҳадии Панҷ ба 1473 нафар сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои солинавӣ дода, барои 360 нафари дигар дастурхони идона орост, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар отряди сарҳадии Панҷи вилояти Хатлон соҳибкор инчунин ба 2 оилаи афсарону сарбозоне, ки дар муноқишаҳои марзӣ ба ҳалокат расиданд, кумаки пуливу моддӣ аз қабили орд, равған, шакар, макарон ва биринҷ расонид.

Барои боз ҳам беҳтар намудани шароити хизмати сарбозону афсарон тамоми лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла манбаъҳои рӯшноидиҳанда, либоси гарми зимистона ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид. Ҳамзамон ба отряди сарҳадии Панҷ барои таъмини сарбозону афсарон бо гӯшт дар фасли зимистон 1 сар чорвои калон ва 50 гӯсфанд туҳфа карда шуд.


Соҳибкор Маҳмудҷон Муродов зимни суҳбат бо сарбозону афсарон ва оилаҳои онҳо тасмим гирифт, ки то 1 июни соли 2023, яъне Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, дар назди бинои мактаб дар дохили отряди мазкур майдончаи варзиширо бо тамоми шароити замонавӣ ва таҷҳизоти дилхушкунанда барои бозии кӯдакон ба истифода диҳад.

Намояндаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов зимни ҳамоиш бо иштироки афсарону аскарон иброз дошт, ки «бо супориши Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба аёдати афсарону сарбозоне, ки марзу буми Ватанро ҳимоя мекунанд, омадааст ва барои беҳтар намудани шароити хизмат ва зисташон ба онҳо кумак мерасонад».

Ба гуфти соҳибкор Маҳмудҷон Муродов, ба шарофати сиёсати инсонпарварони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошу заҳматҳои пайвастаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла пойтахти он аз кумакҳои давлату Ҳукумат ва соҳибкорон пайваста бархурдор мегарданд.

Сарбози қаторӣ Фаррухҷон Рустамов, ки бо хоҳиши худаш ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада, ҳоло дар отряди сарҳадии Панҷ адои хизмат менамояд, гуфт, ки хурсанд аз он аст, ки имрӯз дар баробари дигар ҳамсолонаш дар хизмати Модар-Ватан буда, онро мардонавор ҳимоя менамояд.

«Мо, сарбозон миннатдории худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонем, ки имрӯз барои мо дар ин ҷо тамоми шароит муҳайё шудааст»,-гуфт ӯ.

Дар охири ҳамоиш Маҳмудҷон Муродов аз номи Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо унвони «Сарҳадбони фахрӣ» ва рутбаи полковник сарфароз гардонида шуд.

Баъд аз сарфароз гардидан Маҳмудҷон Муродов иброз дошт, ки «пас аз гирифтани ин унвони фахрӣ масъулияти ман дар назди Ватан зиёдтар гардид ва ваъда медиҳам, ки ҳамеша ба фарзондони содиқи Ватан- ҳомиёни марзу буми Тоҷикистон хизмат мекунам».

Дар отряди сарҳадии Ҳамадонии вилояти Хатлон ҳамзамон аз ҷониби соҳибкор Маҳмудҷон Муродов чунин иқдоми инсондӯстона роҳандозӣ гардид. Дар отряди мазкур барои 1444 нафар сарбозону афсарон ва оилаҳои онҳо туҳфаҳои идона ва барои 410 нафар афсарон дастархони идона ороста шуд. Ба отряди сарҳадии Ҳамадонӣ низ барои таъмини сарбозону афсарон бо гӯшт дар фасли зимистон 1 сар чорвои калон ва 50 гӯсфанд туҳфа карда шуд. Инчунин соҳибкор ба 3 оилаи афсарону сарбозоне, ки дар муноқишаҳои марзӣ ба ҳалокат расиданд, кумаки пуливу моддӣ расонид.

Роҳбари ҶДММ «Сарманзил» тасмим гирифт, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои 4-ошёнаи истиқоматии валангорро дар якҷоягӣ бо Қушӯнҳои сарҳадӣ пурра таъмир намуда, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин ва барои истиқомати афсарон ва оилаҳои онҳо мавриди истифода қарор диҳад.


Ёдовар мешавем, ки бинои мазкур аз 4 ошёна ва як таҳхона иборат буда, 100 метр дарозӣ, 20 метр паҳноӣ ва 17 метр баландӣ дорад. Инчунин бино аз 6 даромадгоҳ ва 70 ҳуҷра (хонаҳои 1, 2, 3-ҳуҷрагӣ) иборат мебошад. Таъмири умумии бино 5000 м2 ташкил медиҳад, аз ҷумла бомпӯши он 1200 м2, рангубори берунии бино 3600 м2дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки таҳти ҳидоятҳои Сарвари давлат соҳибкор Маҳмудҷон Муродов пайваста дар кори ободонию созандагӣ, кумак намудан ба ятимону барҷомондагон, беморон ва шахсони ниёзманду имконияташон маҳдуд саҳми муносиб мегузорад.

Рустам ҶАМИЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 6, 2022 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин