Шенни Кэмпбелл: «Дар Тоҷикистон босамартарин лоиҳаҳои Бонки Осиёии рушд татбиқ карда мешавад»

Июнь 9, 2023 08:32

ДУШАНБЕ, 09.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон аз ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Осиёии рушд 25 сол пур мешавад.  Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе як силсила чорабиниҳо доир мегардад.

Ҳамчунин дар идомаи ин чорабиниҳо ташрифи Президенти Бонки Осиёии рушд Масатугу Асакава ба Тоҷикистон  дар назар дошта шудааст. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар арафаи таҷлили 25-солагии ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд бо намояндаи доимии Бонк дар Тоҷикистон Шенни КЭМПБЕЛЛ суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Шумо  ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушдро  дар давоми 25 сол чӣ гуна арзёбӣ  мекунед?

Шенни Кэмпбелл: Тоҷикистон соли 1998 ба Бонки Осиёии рушд пайваст шуд. Намояндагии доимии мо дар Душанбе соли 2003 ифтитоҳ ёфт. Дар давоми 25 соли ҳамкорӣ Бонки Осиёии рушд захираҳои молиявӣ ва заминаҳои техникии худро барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии сокинони Тоҷикистон бо роҳи барқарор кардан ва навсозии инфрасохторҳои муҳим ва стратегии соҳаҳои нақлиёту энегетика, баланд бардоштани сатҳи муқовимат ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ, дастгирии қишрҳои иҷтимоӣ, баробарии гендерӣ, беҳтар намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, тиҷорат ва ҳамкории минтақавӣ истифода бурдааст.

Мо ҷиҳати рушди мамлакат ҳамкории зич ва мустаҳкамро ба роҳ мондаем. Дар Тоҷикистон босамартарин лоиҳаҳои Бонки Осиёии рушд татбиқ карда мешаванд, ки ба андешаи ман, сирри ин муваффақият дар роҳбарии оқилонаву қатъӣ ва масъулиятшиносии роҳбарияти мамлакат дар раванди татбиқи лоиҳаҳои Бонки Осиёии рушд мебошад.

АМИТ «Ховар»: Зимни ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ба кадом самтҳо аз ҳама бештар афзалият дода шудааст?

Шенни Кэмпбелл: Шуруъ аз соли 1998 Бонки Осиёии рушд зиёда аз 180 лоиҳаро барои Тоҷикистон ба маблағи умумии 2,5 миллиард доллари ИМА дастгирӣ ва пешниҳод кардааст, ки аз ин ҳисоб 1,9 миллиард доллари ИМА ҳамчун грант (маблағҳои бебозгашт) мебошанд.  34 фоизи кумакҳои мо ба соҳаи нақлиёт, 24 фоиз ба соҳаи энергетика, 12 фоиз ба бахши идораи давлатӣ ва  11 фоиз ба бахши кишоварзӣ рост меоянд, ҳамчунин бахшҳои тандурустӣ, маориф, молия, инфрасохтори шаҳрӣ низ аз ин кумакҳо баҳравар шудаанд.

Тоҷикистон дар қатори мамлакатҳое ворид шудааст, ки аз ҳама бештар аз тағйирёбии иқлим зарар дидааст. Бинобар ҳамин пайдо кардани роҳҳои ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим барои таъмини рушди иқтисоди қавӣ ва устувор хеле муҳим мебошад. Бонки Осиёии рушд дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором яке аз бонкҳое мебошад, ки ба масъалаи иқлим аҳамияти хосса медиҳад.

Бонки Осиёии рушд азм дорад, ки то соли 2030 вобаста ба тағйирёбии иқлим ва бартараф намудани оқибатҳои ногувори он 100 миллиард доллари ИМА  ҷудо намояд. Бонк дар муносибат бо Тоҷикистон ба инфрасохтори устувор ва кам кардани хатари офатҳои табиӣ афзалияти бештар медиҳад.

АМИТ «Ховар»: Соли 2021 Бонки Осиёии рушд Стратегияи ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро барои давраи солҳои 2021-2025 қабул карда буд. Оид ба натиҷаҳои Стратегияи мазкур дар ҳоли ҳозир чӣ гуфта метавонед?

Шенни Кэмпбелл: Стратегияи ҷории Бонки Осиёии рушд ҷиҳати ҳамкорӣ бо Тоҷикистон барои давраи солҳои 2021-2025 бар асоси ҳамкории қаблии мо бо мамлакати шумо таҳия шудааст. Яъне,  стратегияи мо ба баланд бардоштани сатҳи муқовимат ба таъсирҳои берунӣ ва таъмин намудани рушди устувору баробар равона шудааст. Ҳадафи Стратегия беҳтар намудани сифати рушди иқтисоди мамлакат бо роҳи дастгирӣ кардани талошҳои Ҳукумат ҷиҳати афзоиш додани самаранокии истеҳсолот ва ҷалби маблағгузории бахши хусусӣ мебошад.

Амалиёти Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон ба се самти стратегӣ равона шудаанд: дастгирии ислоҳоти сохторӣ барои беҳтар кардани тақсимот ва ҷалби захираҳои мавҷуда, баланд бардоштани самаранокии меҳнат аз ҳисоби рушди сармояи инсонӣ ва мусоидат кардан барои беҳтар кардани шароити зист аз ҳисоби маблағгузориҳо ба иқтисодиёти мамлакат. 

АМИТ «Ховар»: Энергетика яке аз бахшҳои муҳим барои Тоҷикистон ба шумор меравад. Оид ба дастгирии Бонки Осиёии рушд дар сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ чӣ гуфта метавонед?

Шенни Кэмпбелл: Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди гидроэнергетикӣ, ки ҳамзамон сарчашмаи энергияи сабз ҳаст,  мебошад. Бинобар ҳамин зарур аст, ки устувории молиявии бахши энергетика беҳтар карда шавад ва мо ба тарақиёти барҷаста зимни ислоҳоти ҷории бахши энергетика умедвор ҳастем.

Ман дарк мекунам, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба лоиҳаи НБО-и «Роғун»  чӣ қадар таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Ман ҳамчунин хуб мефаҳмам, ки ба анҷом расонидани ин лоиҳаи азим ба иқтисодиёт ва маблағгузории Ҳукумат барои ҳавасманд кардани рушди минбаъдаи мамлакат таъсири амиқ мерасонад

Моҳи апрели соли 2023 Бонки Осиёии рушд дар ҳаҷми 2,7 миллиард доллари ИМА маблағ ҳамчун кумаки техникӣ ҷудо кард. Ин кумаки техникии Бонки Осиёии рушд имконияти ҳайати кормандони НБО-и «Роғун»-ро барои истифода аз усулҳои пешқадами идоракунӣ зиёд менамояд. Дар доираи ин кумаки техникӣ ҳамчунин омода кардани лоиҳа ва санҷиши маҷмуии хати мавҷудаи интиқоли барқ дар минтақа, эътимоднокӣ ва содироти неруи барқ аз НБО-и «Роғун» бо роҳи сохтмони хати нави интиқоли неруи барқ дар назар дошта шудааст.

Дар баробари ҳамин Бонки Осиёии рушд ду лоиҳаи дигарро  дастгирӣ дорад: яке маблағгузории сохтмони роҳи мошингарди Обигарм-Нуробод ва дигаре пайваст намудани системаи барқии Тоҷикистон бо системаи барқии Осиёи Марказӣ ва ба ҳамин тартиб афзун намудани ҳаҷми содироти неруи барқ ба хориҷи мамлакат мебошад.

АМИТ «Ховар»: Шумо метавонед он тағйироте ки дар Тоҷикистон умуман ва аз ҷумла, дар Душанбе дар давоми солҳои охир  ба амал омадаанд, тасвир кунед?

Шенни Кэмпбелл: Зиёда аз ду сол аст, ки дар ин ҷо кор ва зиндагӣ мекунам ва зебогиҳои табиати ин мамлакат, одамони меҳмондӯст ва  гармчеҳраи он, фарҳанги бой ва таърихи куҳани  он маро мафтун кардааст. Вобаста ба тағйироти ба амаломада ҳаминро метавонам гӯям, ки бори аввал ман 18 сол пеш ба Тоҷикистон омада будам ва вақте ки дигар бора ба ин ҷо омадам аз тағйирот, хусусан дигаргуниҳо дар шаҳри Душанбе ба ҳайрат омадам.

АМИТ «Ховар»: Президенти Бонки Осиёии рушд рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон меояд. Оид ба ин сафар чӣ гуфта метавонед?

Шенни Кэмпбелл: Президенти Бонки Осиёии рушд Масатсугу Асакава  12-13 июн ба Тоҷикистон меояд. Ин аввалин сафари ӯ ба Тоҷикистон мебошад. Президент Асакава ба Тоҷикистон меояд то бо роҳбарияти давлат ва ҳукумати мамлакат   мулоқоту вохуриҳо  дошта бошад.

Зимни вохуриҳо  мавзӯъҳои талаботи рушди Тоҷикистон ва барномаҳои кумаки Бонки Осиёии рушд баррасӣ  карда хоҳанд шуд. Ҳамчунин Президенти Бонки Осиёии рушд Масатсугу  дар тантанаҳои ҷашнӣ ба муносибати 25-солагии ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд иштирок карда, бо баъзе лоиҳаҳои Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон аз наздик шинос мешавад.

АМИТ «Ховар»: Нақшаҳои Бонки Осиёии рушд дар ояндаи наздик кадомҳоянд?

Шенни Кэмпбелл: Бонки Осиёии рушд яке аз созмонҳоест, ки фаъолияти он барои рушду тараққиёт нигаронида шуда, ба талаботи рушди Тоҷикистон мусоидат менамояд ва  мо афзалиятҳои рушди мамлакатро дар оянда низ дастгирӣ мекунем.

То охири соли 2023 ду лоиҳаи нав пешниҳод мешавад, ки аз тарафи раёсати Бонки Осиёии рушд тасдиқ хоҳанд шуд. Лоиҳаи якум «Рушди энергетика» ва лоиҳаи дуюм «Васеъ намудани дастрасӣ ва баланд бардоштани сифати маълумоти умумӣ ва миёна дар бахши илмҳои табиӣ, технология, муҳандисӣ ва математика» номида шудааст.

Ба нақша гирифта шудааст, ки соли оянда лоиҳаҳо дар бахшҳои идоракунии давлатӣ, энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, хоҷагии қишлоқ ва масъалаҳои гендерӣ  дар ҳаҷми наздик ба 240 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ карда мешавад.

Ташаккур барои мусоҳиба.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: манбаъҳои боз

Июнь 9, 2023 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиетро Салини: «Дар Италия бисёр ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд»
Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкории саноатиро тақвият медиҳанд
Соҳибкорони Тоҷикистон ва Италия ба маблағи зиёда аз 160 миллион доллари амрикоӣ санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе аз 3 то 5 май Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Италия дар соҳаҳои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва саноату технологияҳои нав созишномаҳо ба имзо расиданд
БАТР барои намояндагони бахши молиявии Тоҷикистон даври нахустини дарсҳои маҳорат ташкил намуд
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ «Амонатбонк» дар Муъминобод ҳамоиш доир намуд
Дар 173 ҳазору 835 гектар майдони корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии Суғд кишти баҳорӣ гузаронида мешавад
Соли 2024 дар Тоҷикистон 5 лоиҳа дар соҳаи роҳу нақлиёт татбиқ карда мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1171 то 0.1180 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд