ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Роҳи Ҷамомати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов мумфарш мегардад

Август 31, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 31.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29 августи соли равон бо саҳмгузории сокинону соҳибкорон мумфаршкунии кӯчаи ба номи Охунҷон Каримови Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Мумфаршкунии роҳи мазкур   бо фармоиши сокинон  ва соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ шуда, дарозии он 2 км ва паҳноиаш  7 метрро ташкил медиҳад.  Тибқи нақша,  барои иҷрои кор зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ сарф мегардад.

Раиси вилоят зимни суҳбат иқдому ташаббусҳои сокинони ноҳияро дар самти мумфаршкунии роҳҳо намунаи ибрат дониста, барои иҷрои корҳои хайру савоб изҳори сипос намуд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар тамоми деҳаҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов   корҳои ободониву мумфаршкунии роҳҳо идома дошта, дар давоми 8 моҳи соли равон  дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз 2,5 км роҳ, аз ҷумла,  кӯчаҳои ба номи Қобилшех  Содиров  750 метр, Тоҷикистон 670 метр, Баҳор 230 метр ва  ба номи Маннон Латифов 400 метр мумфарш карда шудааст.

Сокинон изҳор доштанд, ки барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар ободии маҳал саҳм хоҳанд гузошт.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 31, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент 475 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
ХИЗМАТҲОИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ПУРАРЗИШТАРИН ДАСТОВАРД. Ин неъмати бузург ба мо нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ овард
ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ҳошияи бошукуҳтарин дастоварди давлатдории навини тоҷикон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак бинои Беморхонаи марказиро пас аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии шаҳри Норакро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷик Глобал Инвест» оғози расмӣ бахшиданд
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Норак ва ба кор даровардани чархаи чоруми неругоҳи обии «Норак»
МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Дар ин мавзуъ дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиш доир шуд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Истаравшан корхонаи истеҳсоли сӯзандору ва системаи қатравии яккарата бунёд мешавад
Дар ноҳияи Мурғоб дар масоҳати 400 метри мураббаъ гармхона бунёд карда мешавад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 3430 муассисаи нави таълимӣ сохта шудааст