Ҳунари балети Тоҷикистон дар Париж муаррифӣ мегардад

Март 27, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 27.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 март дар Театри «Gymnase Marie Bell»-и Париж намоишномаи театрии ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ таҳти унвони «Дивертисмент» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса хабар доданд.

Чорабинии мазкур дар ҳамкории Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо ташкилоти «France UNESCO Art Culture» ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса баргузор карда шуд.

Ҳунармандони тоҷик дар саҳнаи ин театри қадимии Париж шоҳкориҳои балети тоҷик, аз ҷумла «Шопенинаи бузург», «Дон Кихот», «Фаввораи Боғчасарой», «Илҳом аз Осиё» ва «Каприз Паганини» намоиш дода, санъати балети тоҷикро пешкаши ҳаводорони асили балет гардониданд.

Меҳмонони чорабинӣ ба шарофати ин маҳфил бо санъату ҳунари муосири мардуми тоҷик ошноии бештар пайдо намуданд.

Ёдрас менамоем, ки ин нахустин барномаи театрии ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ дар Аврупо мебошад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса

Март 27, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи фарҳанги шаҳри Левакант дар фазои идона баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд дастовардҳои шаҳр муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Темурмалик доир гардид
«МӮҚАЛАМЕ, КИ ТАЪРИХРО ТАҶАССУМ НАМУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Ашур Ҳайдаров ифтитоҳ ёфт
Дар пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд, Левакант ва ноҳияи Темурмалик доир мегардад
Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод гардиданд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Зафаробод баргузор шуд
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Кӯлоб аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумии сокинон муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Зафарободу Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор мегарданд
Ҳамкории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ҳанкуки Кореяи Ҷанубӣ густариш меёбад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Левакант ва ноҳияҳои Зафаробод, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Темурмалик доир мегарданд
Моҳи октябр дар Душанбе сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» баргузор мешавад