Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо истифодаи мақсадноки замин дар ҶДММ «Тоҷ Агро» шинос шуданд

ДУШАНБЕ, 20.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварда, бо истифодаи мақсадноки замин дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” шинос шуданд.
Ҳадафи боздид аз хоҷагӣ шиносоӣ бо рафти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат бобати рушди соҳаи боғу токпарварӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзоиши содироти маҳсулот ба хориҷ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” дар заминҳои хоҷагӣ парвариши хуби боғу токзори интенсивии ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда шудаст.
Ширкати ватании “ТОҶ АГРО” дар ихтиёри худ 75 гектар замини корами обӣ дорад, ки аз он 72 гектарашро боғу токзори интенсивӣ ташкил медиҳад.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” 150 нафар доимӣ ва беш аз 450 коргар ба таври мавсимӣ ба кор машғуланд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи кору самараи меҳнати боғу токпарварон муаррифӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар майдони 50 гектар барои иҷрои дастуру тавсияҳои Пешвои миллат ба таври санҷишӣ парвариши ангури навъҳои ба талаботи ҷаҳонии содиротӣ ҷавобгӯ, ки аз кишварҳои аврупоӣ ва Чин оварда шудааст, ба роҳ монда шудааст.
Санҷиш нишон дод, ки иқлим ва шароити ин маҳал барои рушди токпарварӣ мусоид аст. Аз ин ру, боғдорон вазифадор шуданд, ки дар оянда боз дар майдони 50 гектари дигар парвариши ҳамин навъҳои содиротии ангурро роҳандозӣ намуда, ба паҳн намудани ин таҷриба дар шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар мусоидат намоянд. Барои ин кор дар хоҷагӣ аллакай парвариши қаламчаҳо васеъ ба роҳ монда шудааст. Аз қаламчаҳое, ки ҳоло омодааст, имкон аст, ки дар майдони 30 гектар токзори нав бунёд карда шавад. Бо ин роҳ садҳои ҷои нави корӣ таъсис дода мешавад. Ҳамчунин, ҳаҷми истеҳсолу содирот афзун гардида, ба таъмини амнияти ғизоии кишвар саҳми намоён гузошта мешавад.
Тавре аён гардид, ки токзор аллакай дар соли дуюм дорои ҳосили хуб буда, имкон аст, ки аз ҳар як гектар то 20 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шавад. Дар соли сеюм аз руи нақша то 1000 тонна ва аз соли 2027 то 1500 тонна ангур аз ҳар гектар ҷамъоварӣ хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки ин навъҳои ангур, аз қабили Аватар, беҳтаринҳо дар ҷаҳон буда, аз ҷумла бо сабаби қанднокии начандон зиёдашон талабот ба онҳо дар хориҷи кишвар хеле зиёд аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои дар оянда зиёд намудани майдони боғ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли мева дастуру супоришҳои муфид доданд.
Боғи интенсивии себ дар ҷойи боғи куҳна бо истифода аз ниҳолҳои серҳосили ба иқлим мувофиқ бунёд гардид
Ҷамъияти мазкур дар масоҳати 4 гектар замин барои парвариши зироатҳо ва дарахтони ситрусӣ 2 гармхонаи доимамалкунанда ва 1 сардхона бунёд намудааст.
Айни ҳол дар гармхонаҳо парвариши помидор, бодиринг, қаланфур ва дигар намуди зироатҳо ҷараён дошта, ҳосили он ба аҳолии ноҳия пешкаш гардида истодааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ иқдоми хоҷагидоронро барои ташкили гармхонаҳои замонавӣ ва ба ин васила дар тамоми фасли сол таъмин кардани талаботи сокинон бо маҳсулоти тару тоза ба манфиат арзёбӣ намуданд.
Хоҷагӣ имкон дорад бо истифода аз ҳосили фаровони маҳсулоти истеҳсолкардаи худ бозори дохилиро бо меваю сабзавот ва полезӣ таъмин намуда, дар баробари ин содиротро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монад.
Парвариши дарахтони ситрусӣ дар гармхонаҳо дар ҳолати хуб қарор доранд.
Барои нигоҳдории ҳосили меваи боғу токзори худ дар ҷамъияти мазкур сардхона бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулот бунёд шудааст.
Инчунин, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” сехи коркарди асал ба роҳ монда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти аҳли заҳмати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” ба иқдоми шоистаи хоҷагидорон баҳои баланд дода, онҳоро ба истифодаи мақсадноку оқилонаи замин, рӯёнидани ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус сабзавоти барвақтӣ ва таъмини бозори истеъмолию рушди соҳа ҳидоят намуданд.
Дар идомаи шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ боздид ба амал оварданд.
Дар намоишгоҳ аз ҷониби заминдорони хоҷагӣ номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, ғалладонагиҳо ва меваю сабзавот муаррифӣ карда шуд.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 51 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ин давра 44 иншооти таъиноташ гуногун бо таъсиси 114 ҷойи корӣ ба маблағи 297 миллиону 809 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд, ки 86,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, аз ҷониби сокинони ноҳия, бахусус соҳибкорони бонангу номус иншооти муҳим ва таъиноти гуногун, аз қабили мактаб, муассисаҳои томактабӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, иншооти обрасонӣ, майдончаи варзишӣ, роҳҳои мошингард, пулҳо, хати барқ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ бунёду мавриди истифода қарор дода шуд.
Зимни сафари навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони бонангу номус ва баландҳиммати ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба Сарвари давлат ваъда доданд, ки боз 25 километр роҳҳои маҳаллии ноҳияро асфалтпуш мекунанд.