ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Ба корҳои ба раванди таълиму тарбия алоқаманд набуда ҷалб кардани омӯзгор манъ аст

Октябрь 5, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 05.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», якшанбеи якуми моҳи октябр дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгорон эълон гардидааст. Бо назардошти баланд будани шаъну эътибори муаллим бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» таҳия гардида,  дар баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. 

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақсади лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» баланд бардоштани мақоми омӯзгор, омодасозӣ, иҷрои самараноки уҳдадориҳо, таъмини ҳуқуқ ва кафолатҳои иҷтимоии омӯзгор буда, кафолати аз ҷониби давлат фаъолияти озоди касбӣ кардани омӯзгорро таъмин намуда, заминаи устувори меъёрии ҳуқуқиро барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа таъмин менамояд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» аз 6 бобу 16 модда иборат буда, масъалаҳои принсипҳои асосии мақоми омӯзгор, ҳуқуқу уҳдадориҳо, тайёркунӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, аттестатсия ва дараҷаи тахассусии омӯзгор, маҳдудият ва дахлнопазирӣ дар фаъолияти омӯзгорӣ, кафолату ҳавасмандгардонӣ барои омӯзгор ва ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи ин қонунро дар бар мегирад.

Тибқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», дар муассисаи таълимӣ барои фаъолияти омӯзгор  шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатӣ муваззаф гардидааст, ки мунтазам дар доираи имконияти буҷети маҳаллӣ барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии онҳо (махсусан дар шароити деҳот) тадбирҳои амалӣ андешанд.

Барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор, бартараф намудани норасоии кадрҳои  омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дар вақти фаъолият ҷалб накардани омӯзгорон ба хизмати ҳарбӣ дар сархати 12 моддаи 5 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» чунин меъёр пешбинӣ карда шуд: яъне «дар давраи фаъолияти омӯзгорӣ хизмати ҳатмии ҳарбии омӯзгор ба таъхир гузошта мешавад».

Баъдан дар қисми 2 моддаи 11 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ба омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ бартарият дода шуд, ки таҳсилоти олии дуюми равияи омӯзгориро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври ройгон гиранд.

Тибқи боби 3, моддаи 8-и қонун ҳуқуқу манфиатҳои омӯзгор зери ҳимояи давлат қарор доранд. Ҷалб кардани омӯзгор ба кору намудҳои фаъолияте, ки ба раванди таълиму тарбия алоқаманд нест, манъ аст. Фаъолияти касбии омӯзгор танҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва назорати соҳаи маориф ва илм мавриди санҷиш ва назорат қарор дода мешавад.

Инчунин давлат барои ҳифзи саломатии омӯзгор тадбирҳои зарурӣ меандешад. Омӯзгор аз муоинаи тиббӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ гузаронида шуда, дар муассисаҳои тиббии давлатӣ бо хизматрасониҳои солимгардонӣ фаро гирифта мешавад.

Ҳамзамон дар боби 4, моддаи 11-и қонун дарҷ шудааст, ки омӯзгорро ба фаъолияте, ки ба раванди таълиму тарбия вобаста намебошад, ҷалб накунанд.

Тибқи қонун, барои омӯзгор уҳдадориҳо низ пешниҳод шудаанд. Аз ҷумла, дар боби 2, моддаи 6 омадааст, ки “омӯзгор бояд, таълимгирандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, риояи қонун, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, падару модар, атрофиён, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва муқаддасоти миллӣ тарбия намояд. Бо таълимгирандагон, новобаста аз миллат, нажод, дин ва вазъи иҷтимоӣ, муносибати беғаразона намояд”.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМГИРОИИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ. Андешаҳо оид ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
Ҳикмати озодагон — чароғи роҳи худшиносӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Илмомӯзӣ – ватандӯстӣ – амният: се рукни асосии стратегии рушди миллии Тоҷикистон
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ХОҶАГИДОР. Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги карами хом барои дарди буғумҳо муфид аст
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Давидан барои саломатии инсон чӣ фоида дорад?
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон намоиши маҳсулот ва ҷойи холии кор баргузор шуд
Сафари таърихии давлатӣ ба Чин. Натиҷаҳо беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ва ҷалби зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон
Махсусияти навини рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Чин
Дар домони сабзи Ватан орзуҳои ҷавонон амалӣ мегардад. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Дар Душанбе байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ озмуни шаҳрӣ оғоз шуд