Туҳфаи Президенти Тоҷикистон- «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ба собиқадорони ноҳияи Ёвон тақдим гардид

Ноябрь 12, 2025 09:38

ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр дар доираи иқдоми фарҳангию маънавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода, намояндагони Ҳукумати мамлакат ва масъулини соҳаҳои маорифу фарҳанг  бо собиқадорони меҳнати ноҳия вохӯрӣ намуда, ба онҳо асари безавол- «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсиро тақдим намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд, зимни вохӯрӣ масъулин аз таваҷҷуҳи хосса ва ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат нисбат ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон, эҳёи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии фарҳангии ҷомеа ёдовар гардиданд.

Тақдими «Шоҳнома» аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо рамзи арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик, балки нишони муҳаббати бепоён ба ҳар хонаводаи мамлакат аст.

««Шоҳнома» на танҳо осори адабӣ, балки китоби худшиносии миллӣ, мактаби мардонагӣ ва рамзи ифтихори давлатдории тоҷикон мебошад. Ин иқдоми арзишманд дар дили ҳар  сокини мамлакат  эҳсоси ифтихор аз гузашта ва масъулият барои имрӯзро бедор мекунад»,-баён гардид дар вохӯрӣ.

Собиқадорони меҳнат низ аз ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, изҳор доштанд, ки ин иқдом нишони арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ ва рамзи пайванди наслҳо мебошад.

Ёдовар мешавем, ки китоби безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар 9 ҷамоати ноҳияи Ёвон ба 38 ҳазору 155 оила тақдим мегардад.

«Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ бузургтарин ҳамосаи миллии мардуми ориёинажод ва ганҷинаи ҳикмату хирад ба ҳисоб меравад. Доир ба сифатҳои «Шоҳнома» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухани нашри нави он, аз ҷумла чунин нигоштаанд: «Дар ҳақиқат Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», ки дар ҳеҷ миллати дунё ҳамсанги ин китоб асаре нест, таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои мардумашро бо хуни дил қаламӣ кард ва ба ин васила таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одатҳои ориёиҳоро зиндаю пойдор гардонид ва дар хизмати наслҳои оянда гузошт».

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Ноябрь 12, 2025 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Анҷумани XVI нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид
Имрӯз дар Боғи Куруши Кабир «Кӯчаи сайёҳии мавсимӣ» ифтитоҳ мегардад
«ЧЕҲРАИ МИЛЛАТ». Таҳти чунин унвон ба ифтихори Рӯзи Президент китоб ба нашр расид
Ҳунарҳои миллӣ бо усули «хона ба хона», «деҳа ба деҳа» ва «маҳал ба маҳал» тарғиб карда мешаванд
Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд
Туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавӣ ба ноҳияи Фархор расид
Ба зиёда аз 9 ҳазор хонаводаи ноҳияи Темурмалик китоби «Шоҳнома» тақдим мегардад
ТЕАТР — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Дар Душанбе шаш театри касбӣ фаъолият мекунад
7 НОЯБР- РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Театри миллии Тоҷикистон бо шароити ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ бунёд гардида истодааст
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Осорхонаи миллӣ сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Туҳфаи арзандаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Ёвон расид