Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 12.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 9 март дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан (CSW-70) ифтитоҳ гардид. Дар ин ҷаласа ҳайати Тоҷикистон иштирок дорад.
Тавре аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд, 11 март ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан (CSW-70), ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Бунафша Файзиддинзода доир ба таъмини баробарии гендерӣ ва иштироки фаъолонаи занон чун омили муҳими ноилшавӣ ба рушди устувор, сулҳ ва амният маъруза кард.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста аз талошҳои байналмилалӣ барои пешбурди рӯзномаи «Занон, сулҳ ва амният» ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон сиёсати давлатиро барои тавсеаи иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат амалӣ менамояд», – изҳор дошт Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон сиёсати давлатӣ оид ба баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатро пайгирона амалӣ менамояд. Аз ҷумла, буҷети Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2022–2026 ба андозаи 151 фоиз афзоиш ёфтааст, ки аз таваҷҷуҳи давлат ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон ва тавонмандсозии онҳо дарак медиҳад.
Намояндаи Тоҷикистон маълумот дод, ки тақрибан 28 фоизи вакилони парламент ва беш аз 30 фоизи хизматчиёни давлатиро дар Тоҷикистон занон ташкил медиҳанд. Дар низоми таҳсилоти олӣ низ зиёда аз нисфи донишҷӯёнро духтарон ташкил дода, ин нишондиҳанда аз афзоиши имконияти таҳсил ва ташаккули насли нави занони роҳбар дарак медиҳад.
Таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кумаки занон, рушди касбӣ ва фаъолияти соҳибкории онҳо тадбирҳои муассир амалӣ гардида, дастгирии давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва тавонмандсозии занон тақвият ёфтааст.
Иброз гардид, ки занон дар мудирияти захираҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои об ва ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим нақши муҳим доранд. Дар ин замина иштирокчиёни ҷаласа барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан аз 9 то 19 март идома меёбад.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






