Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 12.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон барои тақвият бахшидани ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн, саҳм гузоштан дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасон, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, ҳамчунин баррасии вазъи иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» вохӯрӣ баргузор шуд.
Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вохӯрӣ ба таври маҷозӣ гузаронида шуда, дар он сардорони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Шариф Назарзода иброз дошт, ки соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта, барои рушди соҳа аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Натиҷаи ҳамин гуна ғамхорӣ буд, ки дар мамлакат бори аввал Қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул гардид. Ин қонун вазъи ҳуқуқии омӯзгор, ҳимои давлатии шаъну шараф ва дахлнопазир будани фаъолияти таълимии омӯзгорро кафолат медиҳад.
«Он моро водор менамояд, ки барои баланд бардоштани маърифати илмӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқии насли наврас, тарбияи ин табақаи ояндасоз дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ, дӯст доштани муқаддасот ва арзишҳои миллӣ, аз байн бурдани тамоюли хурофотпарастӣ ва ифротишавии мафкураи насли наврас тамоми қувваю воситаҳоро сафарбар намоем. Зеро ҷомеаро дар ҳама давру замон бе иштирок ва мавқеи намояндагони илму маърифат, олимон, аҳли адаб, омӯзгорону устодон ва кормандони соҳаи маориф тасаввур намудан ғайриимкон аст», – изҳор шуд дар вохӯрӣ.
Масъулини дахлдор масъалаи тақвият бахшидани чорабиниҳои ҳуқуқӣ барои муайян ва рафъи сабабу шароити ба содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқии ноболиғон, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таълимӣ мусоидаткунанда, пешгирӣ намудани муноқишаҳо байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва истифодаи ваколатҳои омӯзгорон ва кулли кормандони соҳаи маорифро ҳамчун табақаи пешсафи ҷомеа дар бунёди муҳити ҷомеаи солим нисбат ба амалу кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Гуфта шуд, ки дар доираи чунин иқдом аз ҷониби Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони мақомоти милитсия доир ба масъалаҳои баланд бардоштани масъулият ва саҳми падару модар дар омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, муайян намудани ноболиғони бепарастор, оворагард, талбанда, дар шароити номусоиди хушунати оилавӣ тарбиятгиранда ва ноболиғони дорои майли содирнамоии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ба таври ҳамарӯза чорабиниҳои таъсиррасони ҳуқуқӣ гузаронида мешаванд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъулини соҳаи маориф изҳор доштанд, ки дар ҳамбастагӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷомеа дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ноболиғон ва аз байн бурдани амалҳои номатлуб, ба монанди ҷинояткории ноболиғон саҳми назаррас мегузоранд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон








Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд






