Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд

Март 12, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 12.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 март дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию  иҷтимоии вилояти Суғд, ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Сангвор, Лахш ва Нуробод дар соли 2027 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2028-2029 муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.

Мақсади баргузории ҷаласа аз иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дарёфти манбаъҳои нави рушд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидори нав, фаъол гардонидани иқтидори амалкунанда ва дар маҷмуъ таъмини рушди иқтисоди мамлакат иборат буд.

Гуфта шуд, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию  иҷтимоӣ дар соли 2027 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2028-2029 бояд муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва барномаҳои минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ба инобат гирифта шаванд.

Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби  масъулини вилояти Суғд  ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Сангвор, Лахш ва Нуробод дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисодию  иҷтимоӣ дар соли 2027 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2028-2029 муаррифӣ карда шуд.

Баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодшуда мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардид.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 12, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд