Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд

Март 12, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 12.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 март дар Донишгоҳи технологияҳои саноатӣ ва тарроҳии Санкт-Петербург вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии ш. Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград таҳсил мекунанд, баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Сафир ба донишҷӯён дар мавзӯи дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи 34 соли истиқлолият, таблиғи худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон сухан гуфт. Дастгирии доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон ба вижа таъкид гардид.

Роҳбари намояндагии дипломатӣ мақсад аз баргузории вохӯриро иҷрои нишондиҳандаҳо ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки Сарвари давлат ба таҳкими пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули худшиносии миллӣ, гиромидошти арзишҳои фарҳангию миллӣ ва пешгирии таъсири унсурҳои бегона таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Таъкид карда шуд, ки бояд барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, истифодаи самараноки технологияҳои муосир, пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва таҳкими фазои солими маънавӣ дар ҷомеа талош намуда, оид ба мавзуъҳои пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, аз байн бурдани ҷаҳлу хурофот, содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон, ҷавонон, занон, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносӣ, арҷгузорӣ намудан ба муқаддасоти давлатӣ ва хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ, нашъаҷалобӣ ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон  сухан гуфта шуд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Ҳукумати кишвар дар даврони Истиқлоли давлатӣ заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ва ташкилию ниҳодиро барои муқовимат бо терроризм ва экстремизм фароҳам оварда, якчанд қонун ва стратегияҳои муҳимро қабул ва татбиқ намуд.

Дар идомаи чорабинӣ роҳбари намояндагии дипломатӣ бо истифода аз фурсат ба таваҷҷуҳи донишҷуён иброз дошт, ки касбҳои интихобнамудаи онҳо дар Тоҷикистон мавриди ниёзмандии махсус аст ва ба онҳо маслиҳат дод, ки аз шароити дар донишгоҳҳо барояшон фароҳамшуда барои омӯхтани илму дониш ва забонҳои хориҷӣ самаранок истифода баранд.

Дар анҷоми мулоқот ҳамватанон саволу дархостҳои гуногун пешниҳод намуда, аз ҷумла перомуни масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари иқомат ва дигар пурсишҳо посух гирифтанд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 12, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Санкт – Петербург мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард