Пешвои миллат: «Тоҷикистони маҳбуби мо воқеан Ватани аслии Наврӯз аст»
ДУШАНБЕ, 21.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва мардуми покниҳоду фарҳангпарвари он меросбари ҳақиқии ин ҷашни оламгир эътироф шудаанд, зеро тамоми суннату ойинҳои инсонпарваронаи Наврӯз маҳз дар сарзамини аҷдодии мо ва дар тамоми қаламрави кишвари биҳиштосоямон поку беолоиш ҳифз гардидаанд».