“Дэу Сиело” сабаби марги боз як ноболиғ

Ноябрь 16, 2012 13:59

Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам)- Дирӯз дар шаҳри Кӯлоб соати 7:20 дақиқа садамаи нақлиётӣ рух дод, ки он боиси марги ноболиғ гардид.  Ба иттилои масъули Раёсати БДА ҶТ М. Шамсов мошини тамғаи “Дэу Сиело” таҳти идораи ронанда Мустафо Достиев ҳангоми ҳаракат бо хиёбони Исмоили Сомонӣ пиёдагард Далер Нуралиеви даҳсоларо зер мекунад, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Маврид ба зикр аст, ки шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ панҷ садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо як нафар ба ҳалокат расида, чор нафари дигар дар беморхонаҳо бистарӣ гардидааст.

Ноябрь 16, 2012 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад