Дар бораи Маркази матбуотӣ
Маркази матбуотии ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» — маконе, ки намояндагони воситаҳои ахбори омма аз он бештар аз ҳама боздид мекунанд, дар ошёнаи дуюми бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 40 воқеъ аст. Маркази мазкур дар айни замон аз рӯи шумораи баргузории чорабиниҳои матбуотӣ дар бозори хизматрасонии иттилоотии кишвар пешсафи мутлақ аст.
Дар як сол дар ин ҷо бо иштироки намояндагони воломақоми муассисаҳои давлатӣ, соҳибкории хусусӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятию сиёсӣ, инчунин ташкилотҳои хориҷӣ даҳҳо маъракаю чорабиниҳои иттилоотӣ гузаронида мешаванд.
Аз ҷумла, ҳамасола дар толори Маркази матбуотӣ дар моҳҳои январ ва июл вазорату идораҳо, инчунин ташкилоту муассисаҳои воқеъ дар шаҳри Душанбе нишастҳои матбуотии худро доир ба натиҷаҳои фаъолияти нимсола ва солона доир менамоянд.
Роҳбари Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ — Раъно НУСРАТУЛЛО.
Барои қабули эълони чорабиниҳои дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ доиршаванда метавон ба почтаи электронии info@khovar.tj дархост ирсол намуд.
Доир ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ ва бақайдгирии хабарнигорон бо телефонҳои зерин муроҷиат намоед:
+992(37) 221-34-24; 888-08-34-04;