А. Раҳмонзода: Имрӯз масъалаи ҷиддӣ-ин аз зинаи сеюми таҳсилот дур мондани духтарон аст
Душанбе, 31.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — «Як масъалаи ҷиддие, ки бояд имрӯз баррасӣ шавад, ин аз зинаи сеюми таҳсилот дур мондани духтарон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мебошад. Албатта, теъдоди чунин духтарон дар ҳар ноҳияву деҳа гуногун аст ва бештари духтарон баъд аз синфи 9 аз мактаб дур мешаванд. Ин масъала метавонад дар оянда мушкилот ба бор орад»,-гуфт Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз дар конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Соли оила- идомабахши сиёсати меҳварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи зан ва оила».
Конфронс ба эълон гардидани Соли 2015-соли оила, 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 25-солагии таъсиси Кумитаи кор бо занон ва оила бахшида шуда буд. Мақсади конфронс таҳкими мавқеъ ва нуфузи оила дар ҷомеа мебошад.
Абдуҷаббор Раҳмонзода илова намуд, ки масъалаи дигар- ин ба ҳунармандӣ ҷалб намудан ва таъсиси коргоҳҳою корҳои хонагӣ барои занону духтарон мебошад. «Боиси ифтихор аст, ки Кумитаи кор бо занон ва оила ҳамчун рукни сохтори давлатӣ барои таблиғи сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти ҶТ корҳои шоистаро ба анҷом мерасонад ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро амалӣ мегардонад. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар Соли оила эълон гашта буд. Имрӯз занон дар пешрафти ҳама бахшу соҳаҳои кишвар саҳми назаррас доранд. Рӯз ба рӯз теъдоди квотаҳои президентӣ барои духтарон зиёд шуда истодааст, ки ин як воситаи хуб барои дастгирӣ ва ҷалби духтарон ба таҳсил мебошад»,-афзуд Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа.
Дар конфронс инчунин раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Қосимзода Идигул Тағо, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Тағойзода Сумангул Саид, раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи сиҳатии МНМО Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъа, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Шарофзода Гавҳар ва дигарон иштирок намуданд.
«Оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор дорад ва ҳуқуқҳои оилавиро қонун ҳифз мекунад. Оила танҳо замоне қонунӣ мегардад, ки дар мақомоти сабти ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шавад. Яъне, ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳар баъди гирифтани Шаҳодатномаи ақди никоҳ ба миён меояд»,-гуфт раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Қосимзода Идигул Тағо зимни сухангӯӣ.
Бояд гуфт, ки дар конфронс мавзӯъҳои «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими оила ва тарбияи фарзанд», «Тарбия- омили тақдирсоз», «Танзими психологии муносибатҳои оилавӣ- омили устувории оила», «Таҳлили гендерии масъалаҳои оиладорӣ ва оилаи солим», «Оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоии ҷомеа ва нақши он дар сиёсати имрўзаи Ҳукумати мамлакат», «Оила ва никоҳ аз нуқтаи назари ислом», «Оилаи ҷавон: мушкилиҳо ва роҳҳои бартарафнамоии онҳо», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Танзими расму оинҳои миллӣ-гарави зиндагии шоиста», «Пешгирии зўроварӣ дар оила», «Оила ва тандурустӣ» ва «Ақди никоҳи давлатӣ- кафили ҳифзи ҳуқуқи аъзои оила» мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.








Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад






