Дастгир гардидани гумонбар дар ҷинояти қаллобӣ
Душанбе, 07.03.2016 (АМИТ «Ховар»). 5-уми март дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 30-солаи шаҳри Душанбе бо ҷурми даст доштан дар ҷинояти қаллобӣ дастгир шуд. Номбурда 15-уми апрели соли 2015 бо роҳи фиреб ба бовари марди 39-солаи шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ мошини тамғаи «Тойота-Прадо»-ро, ки арзишаш 14000 доллари амрикоӣ мебошад, гирифта ваъда додааст, ки ба ивазаш масолеҳи сохтмонӣ медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






