Эдвин ван дер Сар ҳанӯз дарвозабон аст

Март 18, 2016 15:04

Душанбе, 18.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дарвозабони маъруфи дастаи мунтахаби Ҳоланд Эдвин ван дер Сари 45-сола барои ҳимояи дарвозаи дастаи Нордвайк барои як бозӣ ба майдон омад ва дар ҷараёни вохӯрӣ зарбаи пеналтиро баргардонд. Ин ҳолат дар ҳине рух дод, ки дарвозабони Нордвайк лат бардошт ва Иттиҳоди футболи Ҳоланд барои касбашро иваз кардани ӯ иҷозат дод.
Имрӯз дар шаҳри Ниони Швейтсария қуръакашии бозиҳои ¼ -ии Ҷоми чемпионҳо ва Лигаи Аврупо баргузор мешавад. Ба қатори 8 дастаи беҳтарин намояндагони панҷ кишвар шомил шудаанд, ки се клуб аз Испания( Атлетико, Барселонава Реал), ду даста аз Олмон (Волсфбург ва Бавария), Бенфика аз Португалия, Манчестер Ситӣ аз Англия ва ПСЖ аз Фаронса мебошанд. Аз он хотире, ки қуръакашӣ ба таври пинҳонӣ сурат мегирад, дастаи як кишвар метавонад рақиби дастаи кишвари худ интихоб шавад.
Дар Лигаи Аврупо дастаҳои «Боруссия» и Олмон, «Ливерпул»-и Англия, «Спарта»-и Чехия, «Вилярреал» , «Атлетик» ва «Севиля»-и Испания, «Шахтер»-и Украина ва «Брага»-и Португалия ба қуръакашӣ омода шудаанд.

Март 18, 2016 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид